РОВАДИЯ, деҳаест дар Совети қишлоқи Шинти pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Правда». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 14 км, то район 34 км. Аҳолиаш 560 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва тамокую ғаллакорист. Заминҳо аз дарёчаи Ровадин обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи РИҶИСТ
РИҶИСТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Тавдеми райони Шуғнони ВМКБ. Территорияи совхози «Роштқалъа». Аз Риҷист то маркази Совети қишлоқ 7 км, то район 12 км; роҳаш ша¬ғал пӯш. Аҳолиаш 320 нафар (1981), тоҷикон . Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва картошкаю сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Шахдара ва дарёчаи Бодомдара обёрӣ меша¬нанд.
Муфассал »Шаҳри РИЧМОНД
РИЧМОНД , шаҳрест дар ҷануби шарқи Шатҳои Муттаҳидаи Америка, маркази маъмурии штати Виргиния. Аҳолиаш 233 ҳазор нафар (бо атрофаш 518 ҳазор нафар 1975). Бандар дар поёноби дарёи Ҷеймс. Риса яке аз марказҳои асосии саноати тамокуи Штатҳои Муттаҳидаи Америка мебошад. Соҳаҳои саноаташ химия (нуриҳои минералӣ), истеҳсоли коғаз, мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва …
Муфассал »РИСА
РИСА, Рисаи Калон, кӯлест дар Кавкази Ғарби, дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Абхазия. Дар территорияи мамнӯъгоҳи Риса, дар баландии 950 метр воқеъ аст. Пайдоишаш пиряхию тектоникист. Масоҳати кӯл 1,49 километр2, тӯлаш 2,5 километр, бараш то 1,05 километр, чуқуриаш то 116 метр. Манбааш борону барф. Дар давоми сол сатҳи оби кӯл …
Муфассал »РИФҲО
РИФҲО (голландӣ), баландиҳои ростбаромадаи рӯи об ё зери обро гӯягд, ки аз қаъри тунукобаҳои баҳр қад кашида, ба киштигардӣ халал мерасонанд. Рифҳо шахӣ ва марҷонӣ мешаванд. Рифҳои шахӣ аз ҷинсҳои сахти кӯҳӣ ва Рифҳои марҷонӣ аз скелети оҳакии организмҳои баҳрӣ (асосан полипҳои марҷонӣ) таркиб ёфтаанд. Рифҳои шахӣ дар натиҷаи шуста …
Муфассал »Дарёи РИУ-НЕГРУ
РИУ-НЕГРУ , дарёест дар Америкаи Ҷанубӣ, асосан дар Бразилия, шохоби чапи Амазонка. Тӯлаш 2300 километр, масоҳаташ ҳавзааш 691 ҳазор километр2. Бо номи Гуайния аз территорияи Колумбия ибтидо меёбад. Ҷараёни болояш то шаҳри Кастанеру остонаҳои бисёре дорад; поёнтар аз он дарё аз пастии Амазонка, аз маҷрои васеи серҷазира мегузарад. Ба Риу-Негру …
Муфассал »Шаҳри РИУ-ГРАНДИ
РИУ-ГРАНДИ, шаҳр ва бандарест дар ҷануби шарқи Бразилия. Дар даромадгоҳи кӯллагунаи Патуси уқёнуси Атлантик воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 116,8 ҳазор нафар (1970, бо атрофаш). Стансияи роҳи оҳан. Ба воситаи бандар ба хориҷа шолӣ, маҳсулоти гӯштин, пашм, чарм мебарорад. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ (консерви гӯшту моҳӣ, пивопазӣ ва ғайра), тамоку, чарму пойафзол, химия. …
Муфассал »Дарёи РИОНИ
РИОНИ, дарёест дар Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон. Тӯлаш 327 километр, масоҳати ҳавзааш 13400 километр2. Аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Асосӣ ё Бахшгоҳи Кавкази Калон ибтидо меёбад. То шащри Кутаиси аз байни кӯҳҳо, баъд аз пастии Колхида ҷорӣ шуда, дар наздикии шаҳри Поти ба баҳри Сиёҳ мерезад. Салкашӣ аз шаҳри Они сар …
Муфассал »Дарёи РИО-НЕГРО
РИО-НЕГРО, дарёест дар Аргентина, дар шимоли Патагония. Дар натиҷаи ҳамроҳшавии дарёҳои Неукеп ва Лимай, ки аз кӯҳҳои Анд ибтидо меёбанд, ба вуҷуд омадааст. Тӯлаш аз ҷои пайвастшавӣ қариб 1000 километр. Дарё аз ҳамвориҳои хушки Патагонияи Шимолӣ гузашта ба уқёнуси Атлантик мерезад. Аввалҳои тобистон обхез мешавад. Баъзе қисмҳояш киштигарданд. ГидроЭлектро Стансия …
Муфассал »Шаҳри РИО-ДЕ-ЖАНЕЙРО
РИО-ДЕ-ЖАНЕЙРО, шаҳрест дар Бразилия,- маркази маъмурии штати Рио-де-Жанейро. Дар соҳили халиҷаки Гуянабараи уқёнуси Атлантик воқеъ аст. Иқлимаш тропикӣ, ҳарорати миёнаи январи 26°Селсия, июл 21°Селсия, боришоти солона 1100 миллиметр. Аҳолиаш якҷоя бо атрофи шаҳр 9153,5 ҳазор нафар (1980). Рио-де-Жанейро муҳимтарин маркази тиҷорату молия, саноат ва маданияти мамлакат аст. Узели калони нақлиёт. …
Муфассал »