Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 326)

Гуногун

БОРКАШОНӢ

borkashoni

БОРКАШОНӢ, ҳамлу нақл, дар ҳуқуқи гражданӣ, навъи уҳдадории марбут ба ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ, ки дар асоси шартномаи дахлдор анҷом дода мешавад. Хусусияти шартҳои ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти алоҳида, инчунин масъулияти тарафҳо оид ба чунин ҳамлу нақл, агар дар Кодекси граждании Тоҷикистон, оинномаҳо ва …

Муфассал »

БОРИС ГОДУНОВ

boris-godunov

БОРИС ГОДУНОВ (тақрибан 1552-13.04.1605), шоҳи рус аз соли 1598. Писари боярин Годунов Ф. И. Ӯро ҷамъомади умумидавлатӣ шоҳ интихоб карда буд. Яке аз заминдорони калон. Бо ташаббуси ӯ барӯйхатгирии замин (1580—90) анҷом дода шуд. Баъди муборизаҳои шадиди дарборӣ ҳукмрони мутлақи давлатӣ гардид. Соли 1597 ҳуқуқи харида озод кардани деҳқонони ғуломшударо …

Муфассал »

БОРДОРШАВӢ

zigota

БОРДОРШАВӢ, омехта гаштани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модинаи рустанӣ, ҳайвонот ва одам, ки дар натиҷа зигота ҳосил мешавад. Моҳияти Бордоршавии ҳайвонотро бори нахуст файласуфон-табиатшиносон ва табибони қадими Ҳиндустон, Хитой, Юнон ва Рум шарҳ додаанд. Бордоршавии ҳайвонот дар тухмроҳа ба амал меояд. Нутфа дар дохили узви ҷинсии модина 18-20 соат қобилияти …

Муфассал »

БОРДОРКУНИИ СУНЪӢ

bordorkuniu

БОРДОРКУНИИ СУНЪӢ, яке аз роҳҳои бордор кар­дани чорво. Бордоркунии сунъӣ ба воситаи асбобу лавозимоти махсус ба амал бароварда мешавад. Ба воситаи Бордоркунии сунъӣ аз нутфаи як ҳайвони нарина чандин ҳайвони модинаро бордор меку­нанд. Аз нутфаи як буққа зиёда аз 20 ҳазор гусола гирифтан мумкин аст. Бордоркунии сунъӣ барои беҳтар шудани …

Муфассал »

БОРДОН

bordon

БОРДОН, борҷома, василаест (монанди халта, хӯрҷин, ҷувол, бӯхча, баста, лаълӣ ва ғайра), ки чизҳои хурду калон ва ашёи рӯзгорро ба дарунаш ҷой мекунанд, то нигоҳдорӣ ва кашондани он мувофиқтар гардад. Маъмулан фурӯшанда чизҳои фурӯхташударо дар Бордон гузошта, ба харидор месупорад. Носири Хусрав дар «Сафарнома»-аш гуфтааст: «Дар бозори он ҷо аз …

Муфассал »

БОР

bor

БОР, пазироӣ, қабул, маросими қабул ва пазироӣ дар дарбори шоҳони ориёӣ, ки дар он ҳадияҳо ва пешниҳоду дархости хоссу ом аз ҷониби шоҳ пазируфта мешуд. Ҳамчунин ба шахсони борёб, яъне касони аз ҷониби шоҳ пазируфташуда, ҳадияҳо тақдим мегардид. Мароси­ми Бор таърихи тулонӣ дорад ва аз кишвар ба кишваре гузашта, дар …

Муфассал »

БОР

bor

БОР, борбӯхча, чизу чораи дар як ҷо ҷамъшудаи ашёи рӯзгор, ашё ва чизҳои бастабандшудаи хурду калон, ин­чунин ҳамаи васоили ҳамлшавандае, ки ба воситаи шахс ва ё воситаи дигари нақлиёт аз маконе ба маконе интиқол дода мешаванд. Шахси ҳамлкунандаи Борро маъмулан ҳаммол меноманд. Бори кам (на он қадар вазнини рӯзгор), ба …

Муфассал »

БОНУС

bonus

БОНУС (лот. bonus – некӯ, хуб), подоши изофӣ, ҷоиза, изофапулӣ ба маош, мукофотпулӣ дар шаклҳои пулӣ ва молӣ. Одатан ин мафҳумро ҳамчун подоши иловагӣ ё ҷоиза тафсир медиҳанд. Бонус воситаи муносиби ҳавасмандсозию таъсирбахшӣ ба кормандон буда, як ё ду маротиба дар шакли пулӣ ва ғайра пардохт мешавад. Дар суғурта, тиҷорат …

Муфассал »

БОНКИ ЭСХАТА

esxata_bank

«БОНКИ ЭСХАТА», ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК), бонки саҳомию тиҷоратии ғайридавлатӣ. 16 ноябри 1993 ҳамчун бонки тиҷоратии «Эсхата» аз тарафи соҳибкор Д. М. Носиров дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Соли 1994 иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт. Соли 1999 ба бонки саҳомии тиҷоратии «Эсхата» табдил ёфт. Аз 12 сентябри 2002 ҷамъияти …

Муфассал »

БОНКИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

sberegatelniy-bank

БОНКИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ БАЙНАЛМИ­ЛАЛӢ, муассисаи байналмилалии молиявӣ, ки барои мусоидат намудан ба ҳамкории байналмилалии асъорӣ дар сатҳи бонкҳои марказии давлатҳои дар фаъолияти он ширкаткунанда таъсис ёфтааст. Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ  соли 1930 аз ҷонибн кишварҳои Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Итолиё ҳамчун бонк-ҳамоҳангсози ҳисобу китобҳои байналмилалӣ оид ба пардохтҳои репаратсияҳое, ки …

Муфассал »