«МОЛОДАЯ ГВАРДИЯ», ташкили пиҳонкории комсомолӣ, ки соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) дар ш. Краснодон» вилояти Ворошиловград дар давраи Донбассро мувққатан ишғол намудани фашистони истилогар амал мекард. Ниг. Гвардияи ҷавон.
Муфассал »«МОЛНИЯ»
«МОЛНИЯ», газета, органи тешкилоти партиявӣ ва управленияи ГЭС-и Қайроққум. Аз соли 1956 то 1959 бо тиражи 500 нусха моҳе 2 маротиба ба забони русӣ нашр мешуд.
Муфассал »МОЛИКОНА
МОЛИКОНА, баҳрачаи моликона, рентаи замин дар Осиёи Миёна дар асрҳои 15—20. Моликона баъди Осиёи Миёнаро истило намудани арабҳо пайдо шуда бошад ҳам, танҳо пас аз асри 15 равнақ ёфт. Дар хониҳои Осиёи Миёна то ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь се шакли Моликона маъмул буд: бегор, андоз дар шакли маҳсулот ва …
Муфассал »МОЛИКИЯТИ ШАХСӢ
МОЛИКИЯТИ ШАХСӢ дар СССР, моликияти индивидуалии гражданҳои советист (даромадҳои меҳнатӣ ва пасандоз, асбобу анҷоми рӯзгор ва истеъмоли шахсӣ), ки ба меҳнати шахсӣ асос ёфтааст. Колхозчиён мувофиқи Устави артели хоҷагии қишлоқ метавонанд участкаи наздиҳавлӣ (ҳаётӣ), чорвои сермаҳсул, мурр ва олоти майдаи хоҷагии қишлоқ дошта бошанд. Моликияти шахсӣ қисми таркибии сарвати миллии …
Муфассал »МОЛИКИЯТИ СОЦИАЛИСТӢ
МОЛИКИЯТИ СОЦИАЛИСТӢ, шакли таърихан муайяни моликияти ҷамъиятӣ, ки асоси иқтисодии социализмро (ниг. низ Коммунизм) ташкил медиҳад Моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи дар рафти револютсияи социалистӣ барҳам хӯрдани моликияти хусусии капиталистӣ барқарор намудани диктатураи пролетариат ва умумӣ кардани асоси воситаҳои истеҳсолот (ниг. Милликунонӣ) ба вуҷуд меояд. Бар хилофи моликияти капиталистӣ, ки дар …
Муфассал »МОЛИКИЯТИ БАЙНИКОЛХОЗӢ
МОЛИКИЯТИ БАЙНИКОЛХОЗӢ дар СССР, навъи моликияти кооперативии социалистӣ. Солҳои 60 асри 20 дар асоси минбаъд умумихалқӣ гардидани истеҳсолоти колхозӣ, тараққии босуръати қувваҳои истеҳсолкунанда ва тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба вуҷуд омадааст. Асосан 4 шакли ташкилию ҳуқуқии алоқаи истеҳсолоти байниколхозӣ вуҷуд дорад: ташкилот ва муассисаҳои доимоамалкунандаи байниколхозӣ, ки советҳои байниколхозӣ идора менамоянд …
Муфассал »МОЛИКИЯТ
МОЛИКИЯТ (ар.— молик будан, соҳибӣ, хуҷаинӣ), шакли ҷамъиятии таърихан мунйяни аз худ кардани исъматҳои моддӣ, ин дар он муносибати байни одамон дар процесси истеҳсолоти ҷамъиятӣ зоҳир мешавад. Моликият дар дохили истеҳсолоти моддӣ ба вуҷуд омада, соҳаҳои тақсимот, мубодила ва истеъмолро дарбар мегирад. Муносибатҳои моликиятдорӣ ба воситаҳои истеҳсолот асоси муносибатҳои истҳссолии …
Муфассал »МОЛДАВИҲО
МОЛДАВИҲО (худ молдовень гӯянд), миллат, аҳолии асосин РСС Молдавия. Шумораи умумии Молдавиҳо дар СССР 2968 ҳазор нафар (1979). Дар РСС Молд. 2526 ҳазор нафар, РССУ 294 ҳазор нафар, РСФСР 102 ҳазор нафар, дар республикаи дигар 40 ҳазор зиндагӣ мекунанд. Бо забони молдавӣ гап мезананд. Мазҳаби диндорон православӣ. Дар атногенези Молдавиҳо …
Муфассал »МОЛГУЗАР
МОЛГУЗАР, кӯҳ шохаи ғарбии қаторакӯҳи Туркистон дар вилояти Ҷиззахи РСС Ӯзбекистон. Аз ағбаи Ғӯpалаш дар Ш. то водии Сангзор дар Ғ. ба масофаи 70 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 2621 м. Молгузар аз оҳаксанг, регсангу варақсангҳо таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳояш набототи нимбиёбонӣ ба даштӣ мерӯяд.
Муфассал »МОЛАССҲО
МОЛАССҲО (аз лот. mollis—-нарм), маҷмӯи ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, ки дар рельефи ӯҳӣ пайдо шудаанд ва аз табақаҳои ғафси (то якчанд ҳазор м.) ҷинсҳои террнгенӣ: конгломерат, регсанг, алевролит, гил, гоҳо мергел иборатанд. Азбаски давраи таҳшиншавии Молассҳо бо пайдоиши қаторакӯҳи ҳамшафати он дар як вақт ба вуқӯъ меояд, муайян кардани синни геологии …
Муфассал »