Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 299)

Гуногун

МОНОСКОП

monoskop

МОНОСКОП (аз моно… ва юн. зкорео — менигарам), қарнаи телевизионии ирсолро гӯянд, ки барои таҳвили як воҳид тасвири беҳаракат (мас., ҷадвали озмуни телевизионӣ) пешбинӣ шудааст. Моноскопро барои тафтиши кори аппаратураи телевизион истифода мебараид. Аз рӯи сохт ва оришии кор Моноскоп қариб ба иконоскоп монанд бошад ҳам, аммо вай ҳадафи гуногунрангаи …

Муфассал »

МОНОПОЛИЯИ КАПИТАЛИСТӢ, СОЗИШ Ё ИТТИҲОДИЯИ

monopolyai-kapitalisti

МОНОПОЛИЯИ КАПИТАЛИСТӢ, СОЗИШ Ё ИТТИҲОДИЯИ соҳибкорон, ки дар ихтиёри худ қисми зиёди истеҳсолот ё фурӯши маҳсулоти муайянро ҷамъ менамоянд ва барои таъин кардани нархҳои монополӣ ва гирифтани фоидаи зиёд имконият пайдо мекунанд. Монополияи капиталистӣ дар зинаи баланди концентрацияи истеҳсолот ва капитал ба амал меоянд, дар иқтисодиёт ва сиёсати мамлакатҳои капиталистӣ …

Муфассал »

МОНОЛОГ

monolog

МОНОЛОГ (аз моно… ва юн. 16-gos — сухан, нутқ), нутқи монологӣ, нутқи як шахс, як навъи нутқест, ки аз ҷиҳати сохту таркиб тамоман ё қариб ба нутқи ҳамсӯҳбат алоқа надорад ва бо ҳамин аз нутқи диалогӣ (Диалог) фарқ мекунад. Асосан дар суханрониҳои нотиқон, гуфторҳои радио ва телевизион, ҷараёни таълим (нутқи …

Муфассал »

МОНИЗМ

МОНИЗМ (аз юн. monos — як, ягона), тарзи баррасии гуногуншаклии ҳодисаҳои олам дар асоси як мабдаъ, як замина («ҷавҳар»)-и кулли мавҷудот ва таҳияи назарияи онон дар шакли инкишофи мантиқан пай дар пай қазияи ибтидоӣ. Аз ин рӯ, дуализм (ду мабдаи мустақилро эътироф мекунад) ва плюрализм (сершумории мабдаҳоро эътироф мекунад) зидди …

Муфассал »

МОМИРАК

МОМИРАК. деҳаест дар С. қ. Балхобии районн Ленинград, вилояти Кӯлоб. Терр. совхози «Тебалай». Аз Момирак то маркази С. қ. 7 км, то район 35 км. Аҳолиаш 630 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактабн миёна, китобхона, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — асосан чорводорӣ, ғаллакорӣ (ҷав, гандум, сулӣ) ва кирмакдорӣ.

Муфассал »

МОМАНДИЁН

МОМАНДИЁН, деҳаест дар С. қ Кулчашмаи район Ленинград, вилояти Кӯлоб. Терр. совхози «Мӯъминобод-1». Аз Момандиён то маркази С қ. 4 км, то район 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 545 нафар (1981), тоҷикон. Момандиён мактаби 8-сола, пункти тиббӣ, фермаи говпарварӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ — ғаллакорӣ, чорво ва кирмакдорӣ. …

Муфассал »

МОЛХОНА

МОЛХОНА, бино барои чорво. Дар Молхона асосан чорвои калони шохдорро баста ё набаста парвариш мекунанд. Молхонае, ки дар он чорвои калони шохдорро баста парвариш мекунанд, 2 (расм), 4 ва 6-қатора мешавад. Дар Молхонаи 2-қатори оғилро қатор сохта, бо роҳравҳои барашон 1,5-метра ба секцияҳо ҷудо мекунанд (расм, в). Аз роҳрави миёна, …

Муфассал »

МОЛУККА

molukka-jazira

МОЛУККА (Ҷазираҳои Молукка), гурӯҳи ҷазираҳо дар қисми шарқии галаҷазираи Малай, дар Индонезия, байни ҷазираҳои Сулавеси ва Гвинеяи Нав. Масоҳати 83,7 ҳазор км2. Аҳолиаш қариб 1 млн нафар (1971). Ҳавзаҳои калонтаринаш: Хальмахера, Серам, Буру. Рельефи ҷазираҳои кӯҳӣ (нуқтаи баландтаринаш 3019 м—к. Биная дар ҷазираи Серам). Вулқонаш бисёр (10-тоаш амалкунанда). Зуд-зуд зилзила …

Муфассал »

МОЛУ МУЛК

МОЛУ МУЛК дар ҳуқуқ 1) маҷмӯи ашё ва сарватҳои моддӣ, ки дар ихтиёри ягон шахс аст; 2) маҷмӯи ашё ва ҳуқуқи моликият барои гирифтани онҳо аз шахсони дигар; 3) маҷмӯи ашё ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулки ба шахси муайян тааллуқдор. Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангалҳо, заводҳо, фабрикаҳо, шахтаҳо, конҳо, стансияҳои …

Муфассал »

МОЛОДЕЖНАЯ

molodyojnaya

МОЛОДЕЖНАЯ, маркази метеорологии советӣ дар Антарктида. Дар Замини Эндербӣ (67°40 а. ҷ — 45-50′ т. ш.), дар соҳили Антарктидаи Шарқӣ воқеъ гаштааст. Аз 14 январи 1963 мунтазам кор мекунад. Аа соли 1971— базаи асосии экспедицияи Антарктида. Дар ин ҷо зиёда аз 70 иншоот (лабораторияҳои илмӣ, маркази радио, стансияи электрӣ ва …

Муфассал »