Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 296)

Гуногун

МОҲПАРВИН

mohparvin

МОҲПАРВИН, 1) сомиамбулизм (аз лот. comnus — хоб ва ambulo — мегардам, гаштугузор мекунам), ҳолати беморӣ, ҳаракатҳои бешууронаи зоҳиран ботартиб, вале бемаънию хатарноке, ки дар хоб воқеъ гашта, баъди бедор шудан фаромӯш мешаванд. Моҳипарвин ба таври сунъӣ ба воситаи гипноз ба вуҷуд овардан мумкин аст. Ин шаҳодати он аст, ки …

Муфассал »

МОҲИҲОИ ПАРРОН

mohii-parron

МОҲИҲОИ ПАРРОН (Exocoetidae), як оилаи моҳиҳоеро гӯянд, ки ба қатори Beloniformes мансубаст. Дарозии баданашон то 45 см; боли сандуқи дилашон ниҳоят дароз ва васеъ буда, барои дар болои об парвоз кардан мувофиқ шудааст. Моҳиҳои паррон дар ҳаво зиёда аз 100 м дар баландии то 10 м парвоз карда метавонанд. Боли …

Муфассал »

МОҲИҲОИ ЗИНДАЗО

mohihoi-zindazo

МОҲИҲОИ ЗИНДАЗО, моҳиҳоеро гӯянд, ки тухм нагузошта бача мезоянд. Аксари наҳангшаклҳо (наҳанг, скатҳо), баъзе моҳиҳои устухондор (хормоҳии баҳрӣ, гулмоҳӣ ва ғ.) зиндазо мебошанд. Дар ҳамаи Моҳиҳои зиндазо бордоршавӣ дохилӣ аст. Моҳиҳои зиндазо ду хел мешаванд: Моҳиҳои зиндазо ва тухмзиндазо. Дар Моҳиҳои зиндазо ҷанин дар тухмдон инкишоф меёбад. Ин процесс аз …

Муфассал »

МОҲИҲОИ АКВАРИУМӢ

akvarium

МОҲИҲОИ АКВАРИУМӢ, моҳиҳоеро гӯянд, ки дар аквариумҳо парвариш карда мешаванд. Бештари Моҳиҳои аквариумӣ дар шароитҳои табиӣ дар обанборҳои обҳои ширини тропикӣ ва субтропикӣ сокин мебошанд. Моҳиҳои аквариумӣ одатан ранги банур, шакли зебо ва андозаи хурд доранд. Ба Моҳиҳои аквариумӣ аз қатори гулмоҳишаклҳо оилаҳои харақинидҳо, хемиодоитидҳо, аностомидҳо, гулмоҳиҳо, аз қатори хормоҳишакли …

Муфассал »

МОҲИҲО

mohiho

МОҲИҲО, як гурӯҳи ҳайвонҳои мӯҳрадори обиро гӯянд, ки ҳарорати баданашон тағйир ёфта меистад. Ба 2 синф ҷудо мешаванд: гирддаҳонҳо ва моҳиҳои аслӣ. Моҳиҳои аслӣ (Pisces) 7 зерсинфро дар бар мегиранд: акантодҳо, артродирҳо, Моҳиҳои болдор (Моҳиҳои қадимаи мурдарафта), лавҳағалсамагиҳо, capбутунҳо, духелнафаскашандаҳо, пуррадаҳонҳо (баъзе намудҳояшон мурдарафтаанд, намудҳои дигарашон ҳанӯз ҳам ҳастанд). Умуман …

Муфассал »

МОҲИДОРӢ

mohiparvari

МОҲИДОРӢ, моҳипарварӣ, соҳаи хоҷагии халқ, ки бо парвариш, зиёд намудани захира ва беҳтар кардани сифати моҳӣ дар обанбор, кӯл, ҳавз ва ғ. машғул аст. Моҳидорӣ ду навъ: Моҳидории обанборию ҳавзаҳои табиӣ ва Моҳидории ҳавзаҳои сунъӣ мешавад. Дар ҳавзаҳои табиӣ (баҳр, дарьё ва кӯл) аз сабаби номусоид шудани шароит (тағйири режим …

Муфассал »

«МОҲИ НАХШАБ»

nakhshab

«МОҲИ НАХШАБ» Моҳи Муқаннаъ, Моҳи Кеш, Моҳи Сиём (Сиём кӯҳест, ки ин моҳ аз паси он мебаромадааст), Моҳи музаввар (қалбакӣ), яке аз образҳои адабиёти классикии форс-тоҷик. Мурод аз «Моҳи Нахшаб» моҳи маснӯест, ки онро дар аҳди Маҳдӣ (775—785) Муқаннаъ (косибе аз Марв) барои тасдқиқи даъвои пайғамбариаш дар байни Нахшаб (Қаршии …

Муфассал »

МОҲ

moh

МОҲ (вақт), фосилаи вақтест, ки қариб ба як давраи гардиши Моҳ дар атрофи Замин баробараст. Моҳи синодӣ — фосилаи вақтест, ки ба даври ивазшавии фазанок Моҳ баробар мебошад (29 шаборӯзу 12 с 44 дақ 2,28 сон); Моҳи сидерӣ (ситоравй) — фосилаи вақтест, ин дар даҳоми он Моҳ атрофи Заминро як …

Муфассал »

МОҚУТ

mokut

МОҚУТ (ар. аз об ва — хӯрданӣ, ғизо), як навъи ширинӣ ва полуда (кисель), таомест ширин, латиф, ки аксар дар айёми ид ва ҷашнҳо ҳозир мекунанд. Тарзи тайёр кардани Моқут чунин аст: ба дегча об, мувофиқи табъ шакар 3—4 барг заъфарон андохта, хуб меҷӯшонанд, дар ҳолати ҷӯш орди биринҷ ё …

Муфассал »

МОШЁН

posolyok

МОШЁН, посёлкаи геологҳо дар С. қ. Чинори райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Аз Мошен то маркази С. қ. 3 км, то район 2 км, Аҳолиаш 435 нафар (1981), асосан тоҷикон ва русҳо. Дар посёлка идораи Экспедицияи ҷустуҷӯи геологии Моғиён воқеъ гаштааст. Клуб, шӯъбаи алоқа, се магазин, кинотеатр, ошхона, чойхона, нонвойхона дорад. …

Муфассал »