Абдуллогӣ, навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (то 10-12 м қад мекашад), сербар, танааш ғафс (қутраш 120 — 130 см), навдаҳояш сурхтоб. Баргаш (ҳаҷмаш 45×36 мм) дилшакли нӯгтез, дандонадор, туртури сабз. Аввали апрел гул мекунад. Мевааш лунда (вазнаш 35-40 г), зарди норинҷӣ, пӯсташ ғафси пашмакдор, хамирак ва сергушт. Донакаш калон- …
Муфассал »Шоҳзода Абдуллатиф
Абдуллатиф (1423, Ҳирот- 8. 5. 1450, Самарқанд), шоҳзодаи сулолаи темуриён, писари Улуғбек. Дар тарбияти Абдуллатиф бобояш Шоҳрух ва модаркалонаш Гавҳаршодбегим нақши муассире доштаанд. Абдуллатиф дар юришҳои султон бевосита ширкат дошта, пас аз марги Гавҳаршодбегим дар раъси сипоҳи темуриёни Ҳирот қарор дошт. Соли 1447 миёни Абдуллатиф ва шоҳзода Алоуддавла барои касби …
Муфассал »Абдулкарими Бухороӣ
Абдулкарими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум, Бухоро – вафоташ 1830, И стамбул) таърихдон, географ, сайёҳи тоҷик. Амир Ҳайдар Абдулкарими Бухороиро соли 1804 дар ҳайати намояндагону сафирон ба Россия фиристод. Ӯ дар шаҳрҳои Петербург, Москва ва Астрахан будааст. Соли 1807 чун саркотиб ба шаҳри Истамбули Туркия фиристода шуд. Дар Истамбул оиладор шуда, …
Муфассал »Абвер
Абвер (немисӣ Аbwehr), идораи разведка ва контрразведкаи Германия. Соли 1919 таъсис гардида, соли 1938 ба Раёсати разведка ва контрразведкаи Фармондеҳии олии Қувваҳои мусаллахи Германия табдил ёфт. Ба гирдоварии иттилооти махфии ҳарбӣ дар давлатҳои хориҷӣ, тахрибкориҳо дар ақибгоҳи душман ва амсоли инҳо машғул буд, ҳамчунин контрразведкаи дохилию хориҷии мамлакатро танзиму идора …
Муфассал »Аббат
Аббат (лотинӣ аbbas, юн. аbba, оромӣ аbo— падар), дар калисои католикӣ роҳбалад ва пири дайр, қисман соҳибваколати роҳибони насронӣ, падари рӯҳонӣ, устод ва пешвои диндорон дар ҷамъияти роҳибон. Салоҳияти Аббат аз рӯи низомномаву қавоиди дайрӣ, ки муаллифону мураттибонаш Василий Великий (асри 4) ва Бенедикт Нурсийский (охири асри 5 ва аввали …
Муфассал »Абак
Абак (лот. аbacus), абак, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои махсус, баистилоҳ, нахустин «калкулятори чубин» дар ҷаҳон. Абак чун асбоби муҳосибӣ дар тамоми кишварҳои қадим истифода мешуд ва то ҳанӯз дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи «чӯт» баъзан истифода мешавад. Риёзидони асримиёнагии Италия Леонардо Пизанский, ки бо …
Муфассал »Мансур Абуҷаъфар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад
МАНСУР Абуҷаъфар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад (707—775, Бағдод), халифаи дуюм (754—775) аз сулолаи Аббосиён. Баъди бародараш ас-Саффоҳ халифа шуд. Дар мубориза барои тахт бар амакаш Абдуллоҳ ибни Алӣ-ал-Мутолиб ғалаба карда, сарлашкар Абумуслимро кушт. Исьёнҳои алавиён, Муҳаммад мулаққаб ба Нафси Закия дар Мадина, Иброҳим Алӣ Муҳаммад дар Куфа ва шӯриши барбарнҳоро дар …
Муфассал »МАММАЛИОЛОГИЯ
МАММАЛИОЛОГИЯ, маммалогия (аз лот. mammalis — сари синагӣ ва …логи я), соҳаи зоология, ки ҳайвонҳои ширхӯрро меомӯзад; истилоҳи «Маммалогияҳо» дар хориҷа васеъ истифода мешавад, дар тоҷикистон бошад, ба ҷои он бештар истилоҳи «териология»-ро кор мефармоянд.
Муфассал »МАНЗАРИ САМАРҚАНДӢ
МАНЗАРИ САМАРҚАНДӢ, (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Манзари Самарқандӣ аз Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон сафар намуда, дар дарбори ҳокими Агра Байрамхони Хони Хонон хидмат карда, дар васфи футуҳоти ӯ асаре бо номн «Шоҳнома» иншо намудааст. Манзараи Самарқандӣ ғазал низ месуруд.
Муфассал »Макашов Андрей Василевич
МАКАШОВ Андрей Васильевич (таваллуд 22. 4. 1925, деҳаи Малое Щербедино, ноҳияи Романови вилояти Саратов), муаррихи советӣ, Доктори илми таърих (1971). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1946. Солҳои 1942-45 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи СССР, 1946-48 ёрдамчии котиби комитети партиявии ноҳияи Ҳисор, 1948-49 муаллими мактаби миёнаи ба номи Н. К …
Муфассал »