Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 280)

Гуногун

АБУУБАЙДИ ҶУЗҶОНӢ Абдулвоҳид ибни Муҳаммад

odami_nomalum

АБУУБАЙДИ ҶУЗҶОНӢ Абдулвоҳид ибни Муҳаммад (сол ва ҷои таваллуд номаълум-вафот 1047, Ҳамадон), олим ва донишманди форсу тоҷик, яке аз машҳуртарин шогирдон ва мулозимони Ибни Сино. Соли 1012 ҳангоми мусофирати Ибни Сино аз Деҳистон ба Гургон бо ӯ ошноӣ пайдо намуд ва то охири умри устодаш ӯро ҳамроҳӣ кард. Ӯ ҳар …

Муфассал »

АБУЛҲАСАН АҲМАД ибни ал- Муаммал

odami_nomalum

АБУЛҲАСАН АҲМАД ибни ал- Муаммал (соли таваллуд ва вафот номаълум), адиб, шоир ва мутарҷими арабизабон (нимаи дуюми асри 10-ибтидои асри 11). Мувофиқи маълумоти Саолибӣ («Ятимат-уд-даҳр») дар назди сипаҳсолор Фоиқ ал-Хосса (вафот 999) чун дабир хидмат мекард ва шеър ҳам мегуфт. Аз манбаъҳо 32 байти ӯ дастрас гар­дидааст (қасида дар мадҳи …

Муфассал »

АБУЛҲАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ҶАҲОНГИРӢ

odami_nomalum

АБУЛҲАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ҶАҲОНГИРӢ (таваллуд 1588/89, Деҳӣ- вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти эронӣ. Мулаққаб ба Нодируззамон. Писари мусаввир Око Ризо, ки аз Эрон ба Ҳиндустон кӯчидааст. Ӯ ҳунари хушнависӣ ва мусаввириро аз падараш омӯхта, дар синни 17-солагиаш чун мусаввиру хаттот шӯҳрат ёфтааст. Хати настаълиқро зебо менавишт. Яке аз мусаввирон ва муқаррабони …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМ БОБУР

Abul-Qasim Babur Mirza

АБУЛҚОСИМ БОБУР, (1422, Ҳирот – 1457, Машҳад), ҳокими Хуросон (1449 – 57), аз сулолаи Темуриён, писари Бойсунқур, набераи Шоҳрух, бародари хурдии Улуғбек. Баъд аз фавти Бойсунқур писаронаш Султон Муҳаммад, Алоуддавла ва Абулқосим Бобур дар хонаи бобояшон Шоҳрух (вафот 1447) тарбия гирифтанд. Баъд аз фавти Шоҳрух барои ба даст овардани тахти …

Муфассал »

Абубакр Абдуллоҳ ибни Усмон

АБУБАКР Абдуллоҳ ибни Усмон

АБУБАКР Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Омир ибни Амру ибни Каъб ибни Саъд ибни Таям ибни Мурра (тақрибан соли 572/73, Макка – 23 8. 634, Мадина), нахустин халифа аз хулафои рошидин, тоҷири сарватманд ва бонуфузи Макка, дӯст ва аз ахли саҳобаи Паёмбар (с). Падараш Абуқаҳофа Усмон (вафот 645) ва модараш Уммулхайр …

Муфассал »

Аброр

nomalum

АБРОР (соли таваллуд номаълум – вафот 1856), шоир ва хаттоти тоҷик. Аз Истаравшан. Падараш Муҳаммадсолеҳ низ шоир будааст. Аброр маълумоти иб- тидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Хоҷаҷони Истаравшан давом дод. Ӯ чун донишманд ва шоир шӯҳрат доштааст. Дар санъати хаттотӣ низ машхур гашта, дар навиштани ҳафт навъи …

Муфассал »

АБРИ ООРТ

АБРИ ООРТ

АБРИ ООРТ, абри курашакли системаи Офтоб, ки манбаи кометаҳои даврашон тулонӣ мебошад. Мавҷудияти Абри Оортро бори аввал соли 1932 астрономи эстонӣ Э. Эпик пешниҳод карда буд. Соли 1950 астрономи ни- дерландӣ Ян Xендрик Оорт ин назарияро асоснок кард ва ба шарафи ӯ номи Абри Оорт гузошта шуд. Масофа аз Офтоб …

Муфассал »

АБРИКОСОВ Алексей Алексеевич

АБРИКОСОВ Алексей Алексеевич

АБРИКОСОВ Алексей Алексеевич (25. 6. 1928, Москва), физики рус, до- рандаи Мукофоти Нобели (2003), академики Академияи Илмҳои Россия, доктори илмҳои физика ва мате­матика. Дар Институ­ти проблемаҳои физикӣ рисолаи номзадӣ (1951) ва рисолаи докторӣ (1955) ҳимоя кардааст. Соли 1965 Абрикосов роҳбари факултети физикаи назариявии муҳитҳои яклухт таъин ме­шавад. Солҳои 1976 – …

Муфассал »

Абрис

АБРИС (аз немисӣ abriss – очерк, нақша, тарҳ), 1) расми ангорӣ дар қоғази шаффоф (плюре); давраи фаръии кор дар литографияи (чопи сангӣ) ранга. Ба маънои васеаш – тарҳ. 2) Дар гео­дезия нақшаи сатҳии ҳамаи объектҳои маҳал бо андозаҳо ва навиштаҷоти зарурии тавзеҳӣ. Абрис ҳангоми мураттабсозии нақшаҳои топографӣ, мавриди дар аксҳои …

Муфассал »

Абдусаломова Рафоат

АБДУСАЛОМОВА Рафоат

АБДУСАЛОМОВА Рафоат (таваллуд 10.3.1939, Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом), аввалин наттоки телевизиони тоҷик, Корманди хизмат- нишондодаи маданияти Тоҷикистон (1989). Хатмкардаи Университети Даватии Тоҷикистон (1963). 3 октябри 1959 нахустин барномаи санҷишии телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1961 (45 сол) дар телевизио­ни тоҷик ба хайси наттоқ, …

Муфассал »