САҚР, номи дигари шоҳин.
Муфассал »САҲАЛ
САҲАЛ (арабӣ—гирифтагии овоз), дар тибби қадим дурушт ва дағал гаштани узвҳои сипаро гӯянд (овоз низ гирифта мешавад).
Муфассал »САҲАР
САҲАР (арабӣ— бедорӣ, бехобӣ), дар тибби қадим бемориеро гуянд, ки боиси бехобист.
Муфассал »САҲБО
САҲБО, майи сурхтобест, ки аз ангур тайёр мекунанд.
Муфассал »САҲВ
САҲВ (арабӣ— ҳушёршавӣ, ҳушёрӣ), дар тасаввуф яке аз ҳолатии сӯфист, ки аз сукр (ҳолати мастӣ) ба ҳолати маъмулиаш бармегардад. Саҳвро муҳаққиқони тасаввуф дар силсилаи ҳолоти сӯфӣ аз сукр болотар донистаанд.
Муфассал »САҲОРБУХТ
САҲОРБУХТ ибни Исо (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), табиб ва дорушиноси асри 9 форс-тоҷик. Дар шаҳри Гундишопур таваллуд шуда, тиб ва дорушиносиро дар ҳамон ҷо аз Ҳусайн ибни Исҳоқ (808—878) омӯхтааст. Саҳорбухт оид ба тиб якчанд асар таълиф намудааст, ки муҳимтаринаш «Китоб қуво-ул-адвийат-ул-муфрада» мебошад. Ю. Н. Нуралиев.
Муфассал »АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна
АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна (таваллуд 24. 8. 1940, деҳаи Шулмаки ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт), актриса ва режиссёр, Артисти хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1970), профессор (1991). Хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москва (1960). Солҳои 1960 – 61 актрисаи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Ленинобод, 1961 – 72 актриса ва режиссёри …
Муфассал »АБДУШУКУРИ АБДУСАТТОР
АБДУШУКУРИ АБДУСАТТОР (тахаллус Беҳрӯз; таваллуд 28.4.1954, Конибодом), адабиётшинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (2003). Факултети шарқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон (шӯъбаи забони арабӣ)-ро хатм кардааст (1976). Муаллими мактаби миёна (1976 – 79), муҳаррир дар Маркази илмӣ-методии эҷодиёти халк ва корҳои маданӣ-маърифатӣ (1979 – 89), аспиранти Университети Давлатии Тоҷикистон УДТ (1989 – …
Муфассал »АБДУҶАББОР ибни Абдурраҳмон
АБДУҶАББОР ибни Абдурраҳмон (соли таваллуд номаълум – вафот 761, Бағдод), волӣ ва омили Хуросон (757 – 759),| роҳбари бонуфузи шӯришчиёни зид- ди хилофат, дӯсти вафодори Абумуслими Хуросонӣ ва ёрдамчии Муканнаъ. Пас аз марги Абумуслим (замони шӯриши Устоз Сияс), Абдуҷаббор Муканнаъро ёрдамчии худ интихоб кард. Аз халифа Мансур ислоҳи сиёсати молиётии …
Муфассал »ЗАРДОЛУИ АБДУХОЛИҚӢ
АБДУХОЛИҚӢ, навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (7 – 11 метр қад мекашад), сершоху барг (қутри пояаш 130 сантиметр), навдаҳояш ғафси сурхча. Баргаш дилшакли нӯгтез, дандонадор, сабзи баланд.Аввали апрел гул карда, мевааш охири июл мепазад. Мевааш калон-калон (вазнаш андаряк 40 – 45 грамм), байзашакл, зарди кушод (тобиши сурхча дорад), пӯсташ …
Муфассал »