АБОВЯН Хачатур (1805-1848), нависанда, маорифпарвари демократ, асосгузори адабиёту забони адабии нави арман, педагог ва мардумшинос. Донишгоҳи Тартуро (Эстония) хатм кардааст (1836). Ба муқобили таассуб ва зоҳирпарастӣ, ки рӯҳониён дар таълим ҷорӣ карда буданд, мубориза мебурд. Абовян дар анвои гуногуни адабӣ -роман, ҳикоя, намоишнома барои театр, ашъори ғиноӣ, масал ва ғайра …
Муфассал »СИСТЕМАИ ГАРМКУНӢ
СИСТЕМАИ ГАРМКУНӢ, нигаред Гармкунӣ.
Муфассал »СИСАКЯН Норайр Мартиросович
СИСАКЯН Норайр Мартиросович (25. 01. 1907, шаҳри Аштараки РСС Арманистон —12. 3. 1966, Москва), биохимики советӣ, академики АФ СССР (1960; аъзо- корреспондент 1953), академики АФ РСС Арманистон (1965; аъзо-корреспондент 1945). Аъзои КПСС аз соли 1937. Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К. А. Тимирязеви Москваро хатм кардааст (1932). Аз соли 1935 …
Муфассал »СИРУС Баҳром
СИРУС Баҳром (01. 01. 1885, Ленкоран— 6. 6. 1981, Душанбе), адабиётшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1962), Ходими хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1965). Аз оилаи духтур. Аъзои КПСС аз соли 1926. Дар зодгоҳаш мактаби 6-солаи русиро хатм намуд (1907). Ҳангоми таҳсил бо донишҷӯёни руҳияи револютсионӣ дошта шиносоӣ пайдо кард ва …
Муфассал »СИРРИ ДАВЛАТ
СИРРИ ДАВЛАТ, маълумоти дорои характери ҳарбӣ, иқтисод ва сиёсие, ки аҳамияти муҳими давлатӣ дошта, аз тарафи давлат махсус ҳифз карда мешавад. Дар СССР номгӯи маълумотҳои ба Сирри давлат дахл дошта аз тарафи Совети Вазирони СССР вобаста ба манфиатҳои муҳофизати иқтидори иқтисодӣ, қобилияти мудофиавӣ ва бехатарии берулии СССР муқаррар карда мешавад. …
Муфассал »СИРОҶИДДИНОВ Саъдӣ Ҳасанович
СИРОҶИДДИНОВ Саъдӣ Ҳасанович (тав. 10. 05. 1920, Конибодом), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1953) профессор (1956). Академики Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1966; аъзо-корреспондент 1956), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1971). Аъзои КПСС аз соли 1952. Факултети физикаю математикаи Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ)-ро хатм …
Муфассал »СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович
СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович (таваллудаш 24. 12. 1917, шаҳри Конибодом), ходими ҳарбӣ генерал-майор (1965). Аъзои КПСС аз соли 1944. Факултети физикаю математикаи Институти давлатии педагогии Фрунзеро хатм кардааст (1939). Аз соли 1939 дар сафҳои Армияи Советӣ. Мактаби полки Ростови Донро ба охир расонд (1940). Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Фронти Ғарбӣ …
Муфассал »СИРКАНГАБИН
СИРКАНГАБИН, сиркангубин (аз сирко ва ангубин — асал таркиб ёфтааст), шарбатест, ки аз ҷӯшонидани сирко бо асал ё шакар (қанд) тайёр мекунанд.
Муфассал »СИРЕШ
СИРЕШ, сириш, ширеш, баргҳои куфтаву бехтаи гиëҳи сич (суч)- ро гӯянд, ки онро бо об сиришта барои часпондани чизе ба чизе истифода мебаранд. Сирешро аз бехи сич низ тайëр мекунанд.
Муфассал »СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ
СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ (таваллудаш 1939, деҳаи Кадкарк остони Хуросон), шоир ва адабиëтшиноси эронӣ. Дар Машҳад таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил ба Теҳрон рафта, дар донишгоҳи Теҳрон ба тадрис машғул гардид. Ашъори Сиришк ҳам дар сабки классикӣ ва ҳам дар равияи шеъри озод эҷод шудаанд. Ӯ муаллифи панҷ маҷмӯаи …
Муфассал »