Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 250)

Гуногун

СОҲИБ ИБНИ АББОД

unknown_person-11

СОҲИБ ИБНИ АББОД Абулқосим Исмоил ибни Аббод ибни Аббоси Толиқонӣ (938, Толиқон —995, Рай), адиб ва олими форс-тоҷик. Нахуст дар назди падараш (муншии дарбори Бувайҳиён) ва баъдтар дар шаҳрҳои Рай ва Бағдод таҳсили илм кардааст. Пас аз таҳсил ба даргоҳи Бувайҳиён омада, дар дарбори вазир Ибни Амид ба корҳои илмӣ …

Муфассал »

СОЯ – Ҳушанг Ибтиҳоч

unknown_person-11

СОЯ    (тахаллус; Ҳушанг Ибтиҳоч; таваллуд 1927, Рашт), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар шаҳри Рашт гирифт. Аз 16-солагӣ ба шеъргӯӣ пардохт. Маҷмуаи аввалинаш «Нахустин нағмаҳо» (1946). Ашъори шоир дар маҷмуаҳои «Сароб» (1951), «Сиёҳмушк» (1953), «Шабгир» (1953) гирд оварда шудаанд. Пас аз солҳои 60, ба сабабҳои номаълум, шеъри Соя дар …

Муфассал »

«СОЮЗМУЛТФИЛМ»

souzmult

«СОЮЗМУЛТФИЛМ», калонтарин киностудияи ҳозиразамон, ки филмҳои мултипликационӣ истеҳсол мекунад. Дар Москва воқеъ аст. «Союзмултфилм» соли 1936 дар натиҷаи муттаҳид кардани якчанд студияи хурд таъсис ёфт. Ҳар сол то 225 филм мебарорад. Нигаред низ Филми мултипликационӣ.

Муфассал »

СОФОКЛ

sophocles_pushkin

СОФОКЛ (sophokles) (тақрибан 496— 406 то м.), драматурги Юнови Қадим. Дар ноҳияи Афина — Колоне таваллуд ёфтааст. Муъофиқи маълумоти маъхазҳои атиқӣ бештар аз 120 драма навиштааст. Аз асарҳои Софокл то замони мо фоҷиаҳои «Аякс» (то 442 то м.), «Антигона» (тақрибан 441 то мелод.), «Шоҳ Эдип» (тақрибан 425 то мелод.; тарҷумаи …

Муфассал »

СОССЮР Фердинанд-Монжон

ferdinand_de_saussure_by_jullien

СОССЮР (saussure) Фердинанд-Монжон де (26. 11. 1857. Женева — 22. 2. 1913, Вюфлан-сюр-Морж), забоншиноси швейцарӣ. Яке аз асосгузорони структурализм дар забоншиносӣ. Аз оилаи олими маъданшинос. Дар университетҳои Женева (1875), Лейпциг, Берлин (1876—80) таҳсил кардааст. Соли 1880 пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ ба Париж рафта, забонҳои эронӣ ва санскритро амиқтар омӯхт. …

Муфассал »

СОРБОН – Ҳамроев Облоқул

unknown_person-11

СОРБОН (тахаллус; фамилия ва номаш Ҳамроев Облоқул; таваллуд 27. 1. 1940, деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Универитети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1963). Лаборанти кафедраи забони тоҷики Универитети Давлатии Тоҷикистон (1963), муҳаррири шӯъбаи адабии драмавии Комитети давлатии Совети Вазирони Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион …

Муфассал »

СОНЕИ БАЛХӢ

unknown_person

СОНЕИ БАЛХӢ     (Соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Муосири устод Рӯдакӣ. Ҷузъиёти аҳволу зиндагии ин шоир маълум нест. Муаллифи «Таърихи Систон» исми ӯро зикр намуда, як рубоиашро, ки ба мунособати забти молу мулк ва асир гирифта шудани Мокон ибни Какӯи Даиламӣ аз тарафи ҳокими Сиистон — Абӯҷаъфар …

Муфассал »

СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш

unknown_person-11

СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш (1850, Фарошир—1904, Урангуи наздикии Истанбул), луғатнавис, энциклопедист ва нависандаи турк. Дар 11-солагӣ ба гимназия (мадраса) дохил шуда, пас аз хатми он (1871) дар Истанбул зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ношири газетаҳои «Сабоҳ» ва «Оила». Солҳои 1880—90 дар хидмати дарбор буд. Муаллифи «Қомуси туркӣ» (ҷилдҳои 1—2, …

Муфассал »

СОМӢ Мирзо Ҷонибеки Бадахшӣ

unknown_person

СОМӢ Мирзо Ҷонибеки Бадахшӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Падараш аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон рафта буд; Сомӣ дар Кашмир ба дунё омадааст. Дар Деҳлӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, баъзан бо нисбаи «Деҳлавӣ» низ ёд мешавад. Аз осори ӯ абёти пароканда аз қасидаҳо, ғазалҳо ва …

Муфассал »

СОМӢ Мирзо Абдулазими Бӯстонӣ

unknown_person-11

СОМӢ Мирзо Абдулазими Бӯстонӣ (таваллуд 1838, Бухоро — соли вафот номаълум), шоир ва муаррихи тоҷик. Баъд аз хатми мадраса дар хидмати амир Музаффар ва амир Абдулаҳад буд. Ба тақозои хидмат ӯ маҷбур буд, ки дар сафарҳои ҳарбии амирон ҳамроҳӣ кунад. У шоҳиди ҷанги байни Россияи подшоҳӣ ва аморати Бухоро (1868) …

Муфассал »