Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 247)

Гуногун

СПИРИН Александр Сергеевич

spirin

СПИРИН Александр Сергеевич (4. 9. 1931, посёлкаи ба номи Калинин, ҳозира шаҳри Калинингради вилояти Москва), биохимики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1970; аъзокоррспондент 1966). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1954). Аз соли 1962 мудири лабораторияи Институт биохимияи ба номи А. Н. Бах Академияи Фанҳои СССР. Аз 1964 профессор ва аз …

Муфассал »

СПИНОЗА Бенедикт

spinoza

СПИНОЗА (Spinoza, D,Еsoinosa) Бенедикт (Барух) (24 11. 1632, Амстердам—21. 2. 1677), файласуф-материалист ва атепсти нидерландӣ. Барои озодандешӣ аз ҷамоаи яҳудии Амстердам ронда шуд. Асарҳои асосиаш «Рисолаи динию сиёсӣ» ва «Этика» мебошанд. Бар хилофи афкори дуалистии Р. Декарт Спиноза табиатро ҷавҳари ягона, абадӣ ва беинтиҳо дониста, онро бо худо баробар мекард …

Муфассал »

СПЕРАНСКИЙ Алексей Дмитриевич

speranski_a_d

СПЕРАНСКИЙ Алексей Дмитриевич (11. 1. 1888, Уржум — ҳозира вилояти Киров—23. 7. 1961, Москва). патологи советӣ. академики Академияи Фанҳои СССР (1939) ва АИТ СССР (1944). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1911 факултети тиббии Университети Қазонро хатм кардааст; аз соли 1920 профессори кафедраи ҷарроҳияи оперативӣ ва анатомияи типографии Университети давлатии …

Муфассал »

СПЕНСЕР Герберт

herbert_spencer

СПЕНСЕР (Spenser) Герберт (27. 4. 1820, Дерби — 8. 12. 1903, Брайтои), файласуф ва социологи англис, яке аз асосгузорони позитивизм. Фалсафаи Спенсер инкишофи минбаъдаи позитивизми О. Конт буд. Ба Спенсер инчунин агностицизми Д. Юм ва Ҷ. С. Милл, кантчигӣ, ғояҳои натурфалсафаи Ф. Шеллинг ва мактаби шотландӣ таъсир расондаанд. Хусусияти муҳими …

Муфассал »

СПЕНДИАРОВ Александр Афанасевич

alexander_spendiaryan

СПЕНДИАРОВ (Спендиарян) Александр Афанасевич (1. Н. 1871, Каховка —7. 5. 1928, Ереван), бастакори советӣ, дирижёр. Педагог, ходими чямъиятӣ. Артисти Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Арманистон (1926). Классики мусиқии арман. Факултети ҳуқуқи Университети Москваро хатм кардааст (1895). Назарияи композицияро аз Н. С. Кленовский дар Москва (1892—94) ва Н. А. Римский-Корсаков дар Петербург …

Муфассал »

СПАССКИЙ Борис Васильевич

spasskiy

СПАССКИЙ Борис Васильевич (таваллуд 30. 1. 1937, Ленинград), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери советӣ ва байналхалқӣ (1956), Устоди Хизматнишондодаи Спорт (1964), журналист. Университети давлатии Ленинградро хатм намудааст (1959). Чемпиони СССР (1962, 1973) ва ҷаҳон (1969—72, баъди ғалаба бар Т. В. Петросян); чемпиони ҷаҳон дар байни ҷавонон (1955). Ғолиби вохӯрии довталабони (1965, 1968) …

Муфассал »

СПАСОКУКОЦКИЙ Сергей Иванович

spasokuk

СПАСОКУКОЦКИЙ Сергей Иванович (10. 6. 1870, Кострома—17. 11. 1943, Москва), ҷарроҳи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1942). Спасокуковкий соли 1893 Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1898 мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхона дар земствои Смоленск, аз 1909 мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳри Саратов, аз 1912 мудири Клиникаи ҷарроҳии факултети тиббии Университети …

Муфассал »

СПАРТАК

spartak

СПАРТАК (соли таваллуд номаълум — вафот 71 то мелод), роҳбари яке аз калонтарин шӯришҳои ғуломон дар Рими Қадим (74 ё 73—71 то мелод). Муаллифони атиқа дар бораи Спартак маълумоти мухталиф боқӣ гузоштаанд. Спартак аз Фракия буда, касе ба ғуломи харида, ба мактаби гладиаторҳои шаҳри Капуя дохил кард. Ҳамроҳи гладиаторҳо ба …

Муфассал »

СПАРЕТРА

sparetra

СПАРЕТРА (соли таваллуд ва вафот номаълум), маликаи афсонавии сакоиҳо. Аз рӯи нақли муаррихи Юнови Қадим Ктесий вақте ки Куруш шоҳи сакоиҳо Аморгро асир гирифт, ҳамсари Аморг — Спаретра қӯшуни зиёде ҷамъ карда, бар Куруш ғалаба мекунад ва бисёр номдорони форсро асир мегирад. Куруш ба ивази ин одамон Аморгро озод карда, …

Муфассал »

СПАРГАПИС

spargapis

СПАРГАПИС (соли таваллуд ва вафот номаълум), писари пешвои қабилаи массагетҳо Тумирис, сарлашкари ҷавон, ки бо фармони модараш (Тумирис) ҷанговарони массагетро ба муқобили Куруши II сарварӣ кард. Мувофиқи маълумоти таърихшиносони Юнон — Геродот, Юстин — Трог ва дигарон Куруши II ба кишвари массагетҳо даромада ба худ бошишгоҳе сохт. Вале пас аз …

Муфассал »