СУЛТОНОВ Раҳматбой (1892, деҳаи Ёваи ҳозира раёни Хуҷанд—7. 8. 1979, деҳаи Ғозиёни раёни Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1948). Солҳои 1931—37 колхозчӣ, 1937—46 сардори звено, 1946—70 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1970—75 колхозчии колхози ба номи Сталин (ҳозира колхози ба номи Фрунзе)-и раёни Хуҷанд. Бригадаи Султонов солҳои 1947— 48 ҳосили …
Муфассал »СУЛТОНОВ Муқим
СУЛТОНОВ Муқим (1894, ш. Каркии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон—1975. Душанбе), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистан. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1921—24дар қисми разведкаи корпуси 13-уми Армияи Сурх (дар шаҳри Тирмиз) кор мекард. Солҳои 1924 -25 ҷонишини намояндаи шуъбаи …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН
СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН (соли таваллуд номаълум — вафот 1551, Ҳирот), хаттоти форс- тоҷик (асрҳои 15—16). Бештари умраш дар Ҳирот гузаштааст. Дар хати настаълиқ маҳорати зиёд дошт. Аз намунаи китобати СултонмуҳаммадиXандон ду нусха «Юсуф ва Зулайхо» ва як нусха «Сабҳат-ул-аброр»-и АбдурраҳмониҶомӣ (китобат 1525), як нусга «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (1515), як нусха девони …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ УДИИ САМАРҚАНДӢ
СУЛТОНМУҲАММАДИ УДИИ САМАРҚАНДИ ҳофиз, мусиқишинос, оҳангсоз ва навозандаи (форс-тоҷик (асри 15). Дар Самарқанд ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Удии Смарақандӣ чанд муддат дар ҳузури Абдурраҳмони Ҷомӣ таркиботи назарияи мусиқиро омӯхта, рисолае (то замони мо нарасидааст) ба ӯ бахшидааст. Вай барои уд чанд оҳанг («Пешрави Удӣ», «Кор ба савти Сегоҳ» «Нақши Ироқ», …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ ТАБРЕЗӢ
СУЛТОНМУҲАММАДИ ТАБРЕЗӢ (1470, Табрез — 1555, ҳамон ҷо), мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик. Яке аз намояндагони намоёни Мактаби минётури Табрез. Аз ҷумлаи шогирдони Оқо Мирали Наққош. Дар Китобхонаи Табрез ба ороиш, мунаввирӣ ва китобат машғул буд. Ба девони Ҳофиз_ (1535, 1517—40), «Хамса»-и Низомӣ (1539—43) минётурҳо офаридааст. Инчунин тахмин мекунанд, ки ӯ …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ ТАНБУРӢ
СУЛТОНМУҲАММАДИ ТАНБУРӢ (соли таваллуд ва вафотномаълум), мутриб, ҳофиз ва мусиқидшиноси форс-тоҷик (асри 15). Дар Машҳад таваллуд шуда, ба камол расидааст. Дар танбӯрнавозӣ маҳорати баланд дошта, яке аз ҳофизон ва мутрибони моҳири дарбори СултонИброҳиммирзобуд. СултонмуҳаммадиТанбурӣбаъдиМашҳадро забт кардани Абдулмуъмини Шайбонӣ ба қатл расид. Аз СултонмуҳаммадиТанбурӣ мероси бои мусиқӣ боқӣ мондааст. Ду «пешрав» …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ БАЛХӢ
СУЛТОНМУҲАММАДИ БАЛХӢ (соли таваллуд номаълум— вафот 13. 5. 1573, Балх), олим, шоир ва сайёҳи форс-тоҷик. Падараш шахси босавод, шоир ва муфтии Балхбуд. СултонмуҳаммадиБалхӣ дар ҷавонӣ мадрасаро хатм карда, забонҳои арабию туркӣ ва зимнан илмҳои таърих, география, астронамия ва минералогияро амӯхт. Баъди вафоти падараш муфтии Балх таъин шуд. СултонмуҳаммадиБалхӣ муаллифи Маҷмаъ-ул-тароиб» …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ НУР
СУЛТОНМУҲАММАДИ НУР (4470—1533), хаттоти форс-тоҷик. Аслан аз Ҳирот, котибидарбори Султон Ҳусайни Бойқаро буд. Ҳамасронаш СултонмуҳаммадиНурро дар ранганависӣ (истифодаи якчанд ранг) ва таҳрир мумтоз донистаанд. Муаллифи китоби «Муроот-ул-олам» дар ин хусус навиштааст; «Хатшиносони он замон мӯътақиданд, ки хафиро беҳ аз ӯ касе нанависад». СултонмуҳаммадиНурро баъзеҳо «Азҳари сонӣ» лақаб додаанд. Аз нусхаҳои …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАДИ АЙШӢ
СУЛТОНМУҲАММАДИ АЙШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, машшоқ, мусиқишинос ва оҳангсози форс-тоҷик (асри 15). Дар Ҳирот ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Айшӣ барои амӯзиши таркиботи илмию амалии мусиқӣ ба Усто Шодӣ, Ҳофизи Басир шогирд истода, дар саройядагию навозандагй маҳорати баланд пайдо кард. Вай махсусан дар сурудани таранаҳои ишқӣ шӯҳрат дошт. …
Муфассал »СУЛТОНМУҲАММАД
СУЛТОНМУҲАММАД (соли таваллуд номаълум — вафот 1572, Самарқанд), муаррих, фақеҳ, сайёҳ ва мутарҷими форс-тоҷик. Дар маҳалли Кӯҳаки Самарқанд ба дунё омада зивдагӣ кардааст. У дар оила савод бароварда ва дар мадрасаҳои Самарқанд таҳсил намуда, аз аксар илмҳои замона баҳравар гашт. Чанд муддат дарсгӯӣ кард. Султонмуҳаммадро бо унвони Кӯҳакӣ ва Ҳофизи …
Муфассал »