Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 222)

Гуногун

ХОТИФИ ХУҶАНДӢ Абдуннабӣ

ХОТИФИ ХУҶАНДӢ Абдуннабӣ (с. тав. номаълум, Хуҷанд — ваф. 1842 ё 1846, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Ба забони узбеки низ шеър гуфтааст. Аз хурдӣ ба омўзиши илму дониш саъю кушнш намудааст. Дар офаридани ғазал анъанаи шуарои бузурги тоҷикро идома додааст. Xотияи Xуҷандӣ шоири соҳибдевон буд, девонаш алҳол ба даст наёмадааст. …

Муфассал »

«ХОРПӮШТАК»

zhurnal-xorpushtak

«ХОРПЎШТАК», журнали ҳаҷвӣ, органи КМ ПК Тоҷикистон, аз с. 1925 ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Шумораи нахустини он сент. 1925 бо номи «Ширинкор» ҳамчун иловаи г. «Овози тоҷик» дар ш. Самарқанд аз чоп баромадааст. Номи «Xорпўштак» борҳо тағйир ёфтааст: (солҳои 1926—28 бо номи «Мулло Мушфиқӣ», 1929—30 бо номи «Мушфиқӣ» мебаромад; …

Муфассал »

ХОРОШХИН Александр Павлович

ХОРОШХИН Александр Павлович (тав. номаълум — ваф. 1675), муарих-этнограф, тадқиқотчии Осиёи миёна. С. 1865 бо унвони ясавул ба кишв. Туркистон омада, вазифаҳои гуногуни идоракунии ҳарбию халқиро иҷро намуд; иштирокчии юришҳои ҳарбии Бухоро (1869), Хева (1873) ва Хуҷанд (1875). С. 1872 дар ҳайати «Комиссия барои ташкили идоракунии қиғизҳо» ба Қизилқум рафт. …

Муфассал »

ХОРИҶИЯ

ХОРИҶИЯ (аз ар. —берун шудан), аввалин фирқаи исломро гуянд, ки дар ҷараёни муборизаи Алӣ ба муқобили Муовия барои хилофат пайдо шуда буд. Дар ибтидо Xориҷия манфиати оммаи васеи халқ, хусусан деҳқононро ифода мекард ва таълимоти нисбатан демократии ҷамоаи исломиро тарғиб менамуд. Фирқаи мазкур баробарии ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла аҳолии ғайриарабро …

Муфассал »

«ХОРАЗМИ КАЛОН»

«ХОРАЗМИ КАЛОН», номи яке аз қадимтарин давлатҳои Осиёи Миёна мебошад. Дар бораи пайдоиш, территория ва сохти «Xоразми Калон» дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмӣ маълумоти мухталиф мавҷуд аст. Баъзе олимон «Xоразми  Калон»-ро бо Аирйанам Ваеҷаҳ ном кишваре, ки дар Авесто зикр шудааст, як мамлакат мешуморанд. Дар Авесто Аирйанам Ваеҷаҳ аввалин …

Муфассал »

ХОНЯИЛОВ

ХОНЯИЛОВ, харобаи деҳаи кўҳӣ  ва ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 9—12 воқеъ дар дараи Оқтангии қаторкўҳӣ  Туркистон, 22 км ҷанубтари деҳаи Шаҳристони раёни Уротеппа. Xоняилов аз биноҳои иқоматию хоҷагӣ  (дар марказ), кўраҳои калони деворҳояш сангӣ  (дар канораи ғарби шимолии деҳа) ва як қабристон (дар канори шарқӣ ) иборат буд. Масоҳ. …

Муфассал »

ХОНЛАРӢ Парвиз Нотил

ХОНЛАРӢ Парвиз Нотил (тав. 1913, Теҳрон), адабиётшиноси эронӣ . Баъди хатми мактаби олӣ  чанде дар мактабҳои миёнаи Рашт ва Теҳрон муаллим буд. Фаъолияти илмию адабии Xонларӣ  серсоҳа буда, масъалаҳои гуногуни шеъри форсӣ -тоҷикӣ , адабиёти муосири форсӣ , забон ва тамаддуни гузаштаи халқҳои эрониро фаро гирифтааст. Дар монография ва мақолаҳои ў …

Муфассал »

ХОНЗОДАИ БУЛБУЛ

ХОНЗОДАИ БУЛБУЛ (с. тав. ва ваф. номаълум), ҳофиз, оҳангсоз ва навозандаи форс-тоҷик (а. 15). Дар Ҳирот таваллуд шудааст. Xонзода  Булбул санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омўхта, баъдтар ба Самарқанду Бухоро омада, бо аҳли мусиқии ин шаҳрҳо ҳамкорӣ  кардааст. Xонзода Булбул дар санъати рақсу ширинкорӣ  низ маҳорати баланд дошта, ашхоси гуногуни давраашро …

Муфассал »

ХОНЕККЁР Эрих

erich_honecker

  ХОНЕККЁР (Honecher) Эрих (тав. 25. 8. 1912, Нёйнкирхен, вил. Саар), ходими ҳаракати коргарйӣ ва комунистии Герма­ния ва байналхалқӣ, ходими давлатӣ ва партиявии РДГ, Қаҳрамони Меҳнат (1972). Аз оилаи ангишткан. Ихтисосаш тунукасоз. Аъзои Партияи Коммунистии Германия (ПКГ) аз с. 1929. Солҳои 1930—31 дар мактаби Интернационали Коммунтстии ҷавонон дар Москва таҳсил …

Муфассал »

ХОНДАМИР Ғиёсуддин иб­ни Ҳумомуддини Ҳусайнӣ

ХОНДАМИР  Ғиёсуддин иб­ни Ҳумомуддини  Ҳусайнӣ (1475, Ҳирот—1535, Деҳлӣ), муаррихи форс- тоҷик, набераи Мирхонд. Аввалҳо дар дарбори Темуриён – Ҳирот хизмат кардааст. Баъди сарнагун шудани сулолаи Темуриён дар Ҳирот, Xондамир муддате дар дарбори Исмоили Сафавӣ хизмат карда, с. 1528 ба маркази Империяи Темуриёни Ҳинд —ш. Деҳлӣ рафт. Дар замони ҳукмронии Бобур …

Муфассал »