Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 218)

Гуногун

ХУРДОД

ХУРДОД 1) моҳи сеюми сол­шумории шамсии эронист, ки ба 23 июн — 22 июли солшумории милоӣй рост меояд. 2) Номи яке аз оташкадаҳои қадим.

Муфассал »

ХУРАЙМӢ Абўяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кўҳӣ

ХУРАЙМӢ Абўяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кўҳӣ(с. тав. номаълум — ваф. байни солҳои 815— 816), шоири суғдинажоди араб. Дар ох. а. 8 ва ибт. а. 9 зиндагӣ кардааст. Дар шеърҳояш аслу насаби худро аз Суғду Аҷам нишон дода, Марви Шоҳиҷон, Ҷузҷон ва номҳои дигар шаҳрҳои Эрон ва Хуросону Мовароуннаҳрро зикр …

Муфассал »

ХУНБА

xum

ХУНБА, хуми калони аз гил ё чуб сохташудаест барои нигоҳ доштани ғалла ё орд. Ниг. низ Хум.

Муфассал »

ХУМУЛӢ

ХУМУЛӢ (тав. байни 1776 —77, Ургут — с. ваф. номаълум, Сaмарқанд), муаррих ва адиби зуллисонайни тоҷик. Номи пуррааш Мулло Ҷумъақул ибни Сўфитағои Ургутӣ. Xумулӣ аз худ мероси бой боқӣ гузоштааст: «Таърихи Хумулӣ» (номи дигараш «Тарҷумаи ҳоли Қозӣ Ҷумъақули Хумулӣ»; таълифаш 1836—37), «Манзумоти таърихия», «Шоҳ ва гадо» (достон). Дар «Таърихи Хумулӣ» оид …

Муфассал »

ХУМАЙНӢ Руҳуллоҳ Мусавӣ

humayni-t-m

ХУМАЙНӢ Руҳуллоҳ Мусавӣ (тав. 1898,. ш. Ҳумайн), сарвари Ҷумҳурияти исломии Эрон (1979). Аз оилаи заминдори хурд. Маълумоти олии диниро дар Қум гирифта, сазовори унвони олии динии шиаҳо — оятуллоҳ гардидааст. Аз с. 1964 то февр. 1979 дар бадарға буд. Xумайнӣ 1 февр. 1979 ба Эрон баргашта, 5 февр. ташкил ёфтани …

Муфассал »

ХУМ

xum

ХУМ, як навъ зарфи бедастаи сафолиро гўянд. Xум аз қадим дар байни халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон маъмул буд. Намунаи қадимтарини он дар Тоҷикистон аз деҳаи Кангурт (раёни Совет) ёфт шуд, ки ба давраи 2 то м. мансуб аст. Дар ибтидо Хумро дастӣ ва минбаъд дар чархи кулолӣ месохтанд. …

Муфассал »

ХУКПАРВАРӢ

xuk

ХУКПАРВАРӢ, як соҳаи чорводорӣ; парвариши хук барои истеҳсоли гушт, равған, пуст ва ғ. Xукпарварӣ бештар аз 20%-и маҳсулоти умумии чорводорӣ ва 10%-и маҳсулоти хоҷагии қишолқро медиҳад. С. 1979 дар СССР 73,5 млн хук буд ва 5,3 млн т гушт гирифтанд.

Муфассал »

ХУДОНАЗАРОВ Давлатназар

xudonazarov-d

ХУДОНАЗАРОВ Давлатназар (тав. 13. 3. 1944, ш. Хоруғ, ВАБК), оператор, режиссёр ва сценариянависи советии тоҷик, Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1972). Коркуни Хизматнишондодаи Правленияи ИК СССР (аз с. 1986). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с. 1982. Фаъолияти эҷодии Xудоназаров ҳамчун ёрдамчии оператор с. 1958 дар киностудияи …

Муфассал »

«ХУДОЙНОМА»

book-5

«ХУДОЙНОМА» (аз паҳлавии хватай—шоҳ ва номак—нома), асари таърихӣ ва адабист, ки тақр. дар а. 7 ба забони паҳлавӣ таълиф шудааст. Дар муқаддимаи бойсунқурғи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мураттиби «Xудойнома» бо номи Донишвари деҳқон ёд шудааст. «Xудойнома» достонҳои қаҳрамонӣ, саргузашгтҳои ишқии шоҳону паҳлавонон, қиссаҳои динӣ ва ғ, хулоса тамоми матолиберо, ки ба таърихи …

Муфассал »