Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 209)

Гуногун

ЧОЙҶУШ

choyjush

ЧОЙҶУШ, асбоои рӯзгор барои ҷӯшонидани оби чой ва ғ. Чойҷуш даста, (гоҳо сарпӯшу ҷумак низ) дошта, гуногунҳаҷм мешавад. Чойҷушро асосан аз мис,месозанд.

Муфассал »

АБУЛФАРАҶИ РУНӢ

АБУЛФАРАҶИ РУНӢ (1039, деҳаи Руни наздики шаҳри Лоҳур – 1108), шоири форси забони Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм дар щаҳри Лоҳур муддате дар дарбори ҳокими шаҳри Ғазнин Сул­тон Иброҳим (ҳукмронии 1059-99)хидмат кард, вале ба ғазаби султон гирифтор шуда, ба ватанаш баргашт. Аз Абулфараҷи Рунӣ де­воне боқӣ мондааст, ки бо саъю …

Муфассал »

АБУЛФАРАҶИ ИСФАҲОНӢ

АБУЛФАРАҶИ ИСФАҲОНӢ Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайни Исфаҳонӣ (897, Исфаҳон – 967, ҳамон ҷо), мусиқишинос, шоир, забоншинос ва мунаҷҷими форсу тоҷик. Абулфараҷи Исфаҳонӣ илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Бағдоду Ҳалаб чун надими дарбор хизмат кардааст. Дар илмҳои ситорашиносӣ, мусиқӣ, таърихнигорӣ, адабиёт истеъдоди ба­ланд доштааст. Абулфараҷи Исфаҳонӣ муддати зиёд ба …

Муфассал »

АБУЛФАРАҶ (Григорий Юханнан Бар-Эбрая)

АБУЛФАРАҶ (тахаллус; номи асли­аш Григорий Юханнан Бар-Эбрая; 1226, Мелитен, ҳоло Малаяти, Тур­кия – 1286, Мароға, Озарбойҷон), нависанда, донишманд, файласуф, пизишки ошурӣ. Дар адабиёти араб бо номи Ибн ал-Ибрӣ машҳур аст. Маълумоти ибтидоиро дар оила гириф­та, сипас дар Антокия ва Троблус илмҳои тиб ва хитоба (риторика)-ро омӯхтааст. Забонҳои форсӣ, ибрӣ, арманӣ, …

Муфассал »

АБУЛФАЙЗХОН

АБУЛФАЙЗХОН (1695- 1747), хони Бухоро, аз сулолаи Аштархониён, писари Субҳонқулихон. Дар даври Абулфайзхон низоъҳои байни хешутаборӣ мамлакатро ба таназзули амиқи сиёсиву иқтисодӣ оварда расонд. Дар натиҷаи юриши қӯшунҳои Нодиршоҳ ба Мовароуннаҳр (1747) Абулфайзхон аз тахт сарнагун шуд ва қатл гардид. Дар бо­раи Абулфайзхон Фитрат номи аслиаш (Абдурауф Абдурраҳим, нависандаи ӯзбек, …

Муфассал »

ЧОЙБАЛСАН Хорлогийн

choybalsan

ЧОЙБАЛСАН Хорлогийн (8. 2. 1835, Цецэнхан, ҳозира аймоқн Шарқӣ — 26. 1. 1952, Москва, дар Улан-Батор мадфун аст), яке аз асосгузорони Партияи халқӣ — революдионии Муғулистон  (1921), сарвазири РХМ аз с. 1939, маршал (1936). Дар вақти амалиёти якҷояи қӯшунҳои Иттифоқи Советию Муғулистон дар торумор кардани милитаристони Япония дар назди д. …

Муфассал »

ЧКАЛОВ Валерий Павлович

chkalov-v

ЧКАЛОВ Валерий Павлович (2. 2. 1904, деҳаи Сасилёво, ҳозира ш. Чкаловск, раёни Чкаловски вил. Горький—15. 12. 1938, Москва), лётчики советӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1936). Аъзои КПСС аз с. 1936. Аз соли 1930 лётчик-озмояндаи Иниституги тадқикоти            илмии ҚҲҲ, бештар аз 70 хели самолётҳоро аз санҷиш гузаронидааст. Навъҳои нав ба нави санъати …

Муфассал »

ЧИҒИР

chigir

ЧИҒИР, чиқир, чархифалак, дастгоҳест, ки 66 қувваи чорво (шутур, асп), одам ё оби равон ҳаракат мекунад. Чиғирро аз қадим дар Миср, Ҳиндустон, Эрон, Хитой, Осиёи Миёна ва ғ. барои обёрии мавзеъҳои заминаш аз сатҳи об баланд истифода мебурданд. Чиғир. аз чарх (қутраш 2 м ва аз он зиёд), обгиракҳо, гупчак, …

Муфассал »

ЧИЧЕРИН Георгий Васильевич

chicherin-g

ЧИЧЕРИН Георгий Васильевич (24. 11. 1872, деҳаи Караули уезди Кирсанов, губ. Тамбов—7. 7. 1936, Москва), ходими давлатии советӣ, дипломат. Аъзои РСДРП аз с. 1905 ва Партияи коммунистӣ аз с. 1918. Солҳои 1904 — 18 дар муҳоҷират буд. С. 1917 яке аз ташкилотчиёни ба Россия баргаштани мухоҷирони сиёсӣ, 1918—30 комиссари халқии …

Муфассал »

ЧИТ

chit

ЧИТ, матои сабуки бофтаест. Читбофӣ дар мамлакатҳои Шарқ аз қадим маъмул аст. Тору пуди Чит пурра аз ресмони пахтагӣ иборат аст. Чит якранг ва гулдор мешавад. Суфи хомро махсус пардоз дода, Чит тайёр мекунанд. Аз Чит куртаҳои мардона, занона, бачагона, курпа, кӯрпача, парда, чодар ва ғ. медӯзанд.

Муфассал »