Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 208)

Гуногун

ЧӮЯНРЕЗӢ

chuyanrezi

ЧӮЯНРЕЗӢ, чӯянгарӣ, як навъ касбу ҳунарро гӯянд. Чўянрезӣ дар байни халқҳои Осиёи Миёна аз ҷумла тоҷикон аз асрҳои миёна маълум аст. Дар сарчашмаҳои хаттии асрҳои 15— 16 ҳунарҳои «чӯянгарӣ» ва «дегрезӣ» номбар шудаанд. Маснуоти асосии чӯянӣ аввал дег буд, вале баъд ба рехтани позаҳои чӯянии омоч ва дигар асбобу анҷоми …

Муфассал »

ЧӮБ

chub

ЧӮБ, он қисми сахту ғафси танаву шохаи дарахтро гӯянд, ки баъди буридан аз шоху навдаҳо тоза кардаанд. Чўбро асосан дар бинокорӣ ба кор мебаранд. Аз он тахта, фанер, шпала ва ашьёҳои гуногун низ тайёр мекунанд. Аз ғӯлачӯб (чӯбҳои ғафси кӯтоҳ) целлюлоза истеҳсол менамоянд.

Муфассал »

ЧУКОВСКИЙ Корней Иванович

chukovskiy-k

ЧУКОВСКИЙ Корней Иванович (31. 3. 1882, Петербург—28. 10. 1989, Москва), нависандаи советии рус,мунаққид, адабиётшинос ва тарҷумон. Доктори илмҳои филология (1957). Аввалин очеркҳояш доир ба фаъолияти адабии дарии нависандагони муосираш с. 1901 чоп гардидаанд, ки дар китобҳои «Аз Чехов то замони мо» (1908), «Чеҳраҳо ва ниқобҳо» (1914) фароҳам омадаанд. Афсонаҳои барои …

Муфассал »

ЧУЙКОВ Василий Иванович

chuykov-v-i

ЧУЙКОВ Василий Иванович (12. 2._ 1900—18. 3. 1982, Москва, дар Қӯрғони Мамай мадфун аст), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1955), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944,1945). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1919. Аз апр. 1918 дар Армияи Сурх. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ. Солхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронтҳон Сталинград, …

Муфассал »

ЧОҲ

choh

ЧОҲ, як навъ иншооти гидротехникиест, ки дар шакли шахтаи амудӣ  ё пармачоҳ месозанд. Чоҳ обгир, заҳкаш ва соҳилӣ мешавад. Чоҳҳои обгир, махсусан Чоҳҳое, ки барои ба даст овардани оби нушокӣ месозанд, бештар маъмуланд. Чоҳ аз рӯи сохт, сохтмон, мустаҳкамии девор шахтавӣ ва ғулбавӣ мешавад. Чоҳи шахтавиро барои гирифтани об аз …

Муфассал »

ЧОШНИИ САМАРҚАНДӢ

ЧОШНИИ САМАРҚАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми а. 16 ва ибт. а. 17 зистааст. Ба қавли Мутрибӣ, ки бо ӯ дӯстӣ доштааст, Чошнии Самарқандӣ ҳанӯз дар ҷавонӣ илми қофияро аз худ карда, бо ғазалиёти тозаю дилпазираш дар байни аҳли адаб шӯҳрат ёфта будааст. Ӯро шоири …

Муфассал »

ЧОРХИШТ

ЧОРХИШТ, чархушт, охури махсуси хиштиро гӯянд, ки андаруни вай ангурро пахш карда шарбаташро мегиранд. Чорхиштро аз рӯи замин дар баландии тақр. 0,5 м месозанд. Деворҳои Чорхиштро аввал бо коҳгил баъд бо гаҷ мелованд. Фарши Чорхиштро ба тарафи сӯрохӣ моил месозанд ки он дар яке аз кунҷҳои Чорхишт мебошад. Дар дохили …

Муфассал »

ЧОПХОНАҲОИ ТОРЕВОЛЮЦИОНИИ ОСИЁИ МИЁНА

tipografiya

ЧОПХОНАҲОИ ТОРЕВОЛЮЦИОНИИ ОСИЁИ МИЁНА, корхонаҳое, ки китоб мебароварданд. Дар оғози китобчопкунӣ, мас., дар а. 15 асарҳои олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба забони арабӣ ва лотинӣ зиёда. аз 25 маротиба ба табъ расиданд. Китобҳо то нимаи дуюми а. 19 фақат дастӣ рӯйнавис мешуданд. Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи …

Муфассал »