Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 205)

Гуногун

Маҳаллаи ШАМСОБОД

ШАМСОБОД, маҳаллае дар Бухоро, ки нимаи дуюми а. 11 амири Қарохонӣ Шамсулмулк ибни Иброҳими Тағмачӣ бино карда буд. Дарозии маҳаллаи Шамсобод ним фарсанг буда, қасрҳои боҳашамат, бустонҳои зиёд дошт ва яке аз ҷойҳои зеботарини шаҳр ба шумор мерафт. Шамсобод бо девор иҳота шуда, дарвоза доштааст. Дар паҳлуяш барои нигоҳдории ҳайвонот, …

Муфассал »

ШАМСИИ ӮРОТЕППАГӢ

ШАМСИИ ӮРОТЕППАГӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Шамсии ӯротеппагӣ дар ҳама навъҳои шеър моҳир буда, бахусус ғазалу қасидаро некӯ мегуфтааст. Мутрибӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» ба ҳунари шоирии Шамсии ӯротеппагӣ баҳои баланд дода, як ғазали дар ҷавоби Анварӣ гуфтаи уро мисол овардааст, ки …

Муфассал »

ШАМСИ ҚАЙСИ РОЗӢ

ШАМСИ ҚАЙСИ РОЗӢ Шамсуддин Муҳаммад ибни Қайси Розӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), адабиётшиноси форс-тоҷик (а. 13), Шамси Қайсарӣ аз аҳли Рай буда, муддати зиёд дар Мовароуннаҳру Хуросон зиндагӣ кардааст. С-ҳои 1206—12 дар Бухоро ва то 1229 дар Марв буд. С. 1229 ба Ироқ рафт ва 7 сол аз тарафи …

Муфассал »

ШАМСИ ФАХРӢ

ШАМСИ ФАХРӢ (тахалл. номаш Шамсуддин Муҳаммад ибни Фахруддини Исфаҳонӣ; с. тав. ва ваф. номаълум), шоир, адабиётшинос ва луғатнависи форс-тоҷик (а. 14). Зиндагӣ ва фаъолияти адабиаш дар Шероз, Исфаҳон, Луристон ва Қум гузаштааст. Мероси манзуми Шамси Фахрӣ асосан аз қасида ва ашъори лирикӣ иборат мебошад, ки аксаран дар мадди ҳокимоня замонаш …

Муфассал »

ШАМПОЛЬОН Жан Франсуа

champollion

ШАМПОЛЬОН (Champollion) Жан Франсуа (24. 12. 1790, Фижак —4.3, 1832, Париж), олими франсавӣ, асосгузори мисршиносист. Пас аз омузиш ва тадқиқи бисьёрсолаи Санги Розетта сент. 1822 принципҳои асосии рамзкушоии хати иероглифии мисриёни қадимро баён намуд. Муаллифи аввалин грамматикаи забони мисрии қадим мебошад. Аъзои фахрии АФ Петербург (1826).

Муфассал »

Димнаи ШАМОХАҚАЛЪА

ШАМОХАҚАЛЪА, димнаи мансуб ба асрҳои 13—14, ки 50 км ғарбтари ш. Куҳна-Урганҷи РСС Туркм. воқеъ аст. Димнаро с. 1946 С. П. Толстов кашф намуд. С. 1948 онро бостоншиносони Экспедицияи археологию этнографии Хоразм тадқиқ намудаанд. Асоси димнаро боқимондаи қалъаи ибтидои асрҳои миёна ташкил медиҳад.Қалъа росткунҷа буда, онро девори ғафс, ки бурҷҳо …

Муфассал »

ШАМОЛИИ ДЕҲИСТОНӢ

ШАМОЛИИ ДЕҲИСТОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар нимаи авв. а. 12 умр ба cap бурдааст. Пас аз касби камол ва сафар ба якчанд шаҳри Хуросон дар ш. Мозандарон сокин шуд ва аз он ҷо ба мамдуҳон қасидаҳо фиристода, таъмини маош мекард. Бо Адиб Собири Тирмизӣ шиносоӣ ва …

Муфассал »

АБУЛҲАЙСАМИ ГУРГОНӢ

АБУЛҲАЙСАМИ ГУРГОНӢ Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасан (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 10 – ибтидои асри 11). Абулҳасайми Гургонӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму ҳикмати замони худ таваҷҷӯҳи зиёд дошта, шеърро некӯ месурудааст. Носири Хусрав дар асари худ «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ӯро ба некӣ ёд кардааст. Аз ашъори …

Муфассал »

ШАМИМ Хайруллоҳ

ШАМИМ  Хайруллоҳ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а.17). Аз доираи ҳунармандон. Чанде бо касби офтобасозӣ машғул будааст. Сипас дар дарбори Абдулазизхон (ҳукмр. 1645—81) то ба тахт нишастани ҳукмрони дигар хидмат кард. Охири умрашро дар фақирию нодорӣ гуазронидааст. Аз осори Шамим қитъаҳо ва абёти пароканда тавассути тазкираҳо (мас., «Музокир-ул-асҳоб»-и …

Муфассал »