ШОИСМОИЛОВА Сабзаҷон (тав.10.5.1923, р-ни Рӯшон) актриса ва сарояндаи совети тоҷик (сопронаи лирикӣ). Арт. Халқии РСС Тоҷ.(1971). Аъзои КПСС аз с.1950. Аввал (аз с.1936) дар дастаи ҳаваскорони санъат баромад мекард. Аз с.1940 ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии ш.Хоруғ, С.1946 ҳангоми нахустин сафари ҳунарии театри мазкур ба Сталинобод Ш. нақшҳои Борсултон («Қишлоқи тиллои»-и …
Муфассал »ШОЕВ Исмат
ШОЕВ Исмат (1900 деҳаи Роғи ҳозира р-ни Ленин 23.2.1974, деҳаи Ҷуи Бодоми ҳамон р-н), пахтакор, Қаҳрамони меҳнати Социалистӣ (1949), Устоди пахтаи РСС Тоҷ. (1957). С-ҳои 1929 -32 колхозчӣ, 1935-37 раиси колхоз, 1937-68 сардори бригадаи пахтакории к-зи «Съезди 22-юми партия»-и р-ни Ленин ва аз с.1968 нафақахӯри шахсӣ. Бригадаи Ш.с-ҳои 1947-48 ҳосили …
Муфассал »ШОЕВ Гул
ШОЕВ Гул (тав.1923, деҳаи Ҳушёрии ҳозира р-ни Ленин), монтёр, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). С-ҳои 1945-47 колхозчии колхози ба номи Максим Горкии р-ни Варзоб (ҳоло р-ни Ленин) ва аз с.1947 монтёри участкаи узели алоқаи истифодаи техникии ш.Душанбе. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Муфассал »ШОДӢ ҲАНИФ
ШОДӢ ҲАНИФ (Ҳанифов Шодӣ; тав. 10.3.1934, деҳаи Оҳалики вил. Самарқанд, РСС ӯзбекистон), нависандаи совети тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с.1964. Шӯъбаи тарҷмумонии УДТ-ро хатм намудааст (1958). Дар г. «Тоҷикистони советӣ», Нашриёти «Ирфон», Вазорати Маданияти РСС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1986 директори шуъбаи фонди адабии СССР дар Тоҷикистон. …
Муфассал »ШОДӢ САТТОР
ШОДӢ САТТОР (Сатторов Шодӣ Қарабоевич; тав. 3.2.1944 деҳаи Чорбоғи р-ни Панҷакент), шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон. Фак-ти таърихи УДТ-ро хатм кардааст (1973). Дар идораҳои газетаҳои «Зарафшон» (Панҷакент) ва «Коммуна» (Орҷонкидзеобод) кор кардааст. Аз с.1965 мухбири калони н. «Совет Тожикистонӣ». Шеърҳояш аз с.1960 чоп мешаванд. Ш.С.асосан барои бачагон ва наврасон шеър менависад. Муаллифи …
Муфассал »ШОДИҚУЛОВ ҲАМРОҚУЛ
ШОДИҚУЛОВ ҲАМРОҚУЛ (тав. 18.5. 1938, деҳаи Чоршанбеи вил. Самарқанд), адабиётшиноси советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1964. Шуъбаи тоҷикии фак-ти филологияи Ун-ти давлатии Самарқандро хатм кардааст (1961). Аз с. 1963 дар Ин-ти забон ва адабиёти АФ РОС Тоҷ. кор мекунад: котиби илмӣ (1968 —70), ҷонишини директор (1970— …
Муфассал »ШОДИЕВ Ҳоҷамқул
ШОДИЕВ Ҳоҷамқул (тав. 1930, деҳаи Алматуни p-ни Даҳанакиик), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1947). Аъзои КПСС аз с. 1956. С-ҳои 1944—51 сардори звенои пахтакории с-зи ба номи В. В. Куйбишеви р-ни Қурғонтеппа ва аз с. 1951 корманди соҳаи савдо. С-ҳои 1946—48 звенои Ш. ҳосили фаровони пахта руёнда аст. Бо ордени Ленин, …
Муфассал »ШОДИЕВ Эргашалӣ Шодиевич
ШОДИЕВ Эргашалӣ Шодиевич (тав. 1. 10. 1932, Конибодом), адабиётшиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1973), проф. (1973). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с. 1958. Пас аз хатми Ин-ти давлатии педагогии Ленинобод (1955) дар ҳамон ҷо муалллим (1956—67), мудири кафедраи адабиёти узбек (1967—69) ва ходими калони илмшинос (1970—72) буд. Аз с. …
Муфассал »ШМИДТ Отто Юльевич
ШМИДТ Отто Юльевич (30. 9. 1891, Могилёв—7. 9. 1966, Москва), олим, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии советӣ, яке аз ташкилотчиёни Роҳи баҳрии шимолӣ, акад. (1935), ноиб-президенти АФ СССР (1939 — 42), акад. АФ РССУ (1934), Қаҳрамони Итти-фоқи Советӣ (1937). Аъзои КПСС аз с. 1918. Аъзои комиссариатҳои халқӣ оид ба хурокворӣ, молия …
Муфассал »ШЛЮЗ
ШЛЮЗ (голл. sluis, аз лот. exclu-do — ҷудо мекунам), дар киштигардӣ, иншооти гидротехникиест барои дар оби дарьё ё канал аз як сатҳ ба сатҳи дигар бардоштану фаровардант киштиҳо. Ш.-ро асосан дар каналу дарьёҳо ва бандарҳои баҳрӣ месозанд. Ш. аз камераҳое иборат аст, ки бо донору дарвозаҳои махсус аз ҳамдигар ҷудоанд. …
Муфассал »