ШОПУРИ II (с. та в. номаълум —ваф. 379), шоҳи Эрон аз с. 309. Давлати Сосониёнро муттаҳид намуд ва ноҳияҳои ғарбӣ ва шарқиеро, ки шоҳони собиқ аз даст дода буданд, боз ба тасарруфи худ даровард. Бо ҳокимони кушонӣ ҷангида, онҳоро ба худ тобеъ гардонд. Дар натиҷаи ҷангҳои Ш. II бо Рим …
Муфассал »ШОПУРИ I
ШОПУРИ I (с. тав. номаълум —ваф. 272), шоҳи Эрон аз с. 239 ё 241, писари Ардашери I. Дар давраи ҳукмрониаш ҳудуди давлаташро васеъ намуд. Қушуни Ш. I бо Рим ҷангида, с. 260 дар наздикии Эдесса император Валерианро шикаст дод. Дар аҳди Ш. I дар Эрон бисьёр корҳои ирригационӣ ва бинокорӣ …
Муфассал »ШОПЕНГАУЭР Артур
ШОПЕНГАУЭР Артур (22. 2. 1788, Данциг—Гдапьски имрӯза—21. 9.1860, Франкфурти Майп), файласуфи идеалисти немис, намояндаи волюнтаризм. С. 1820 приват — доценти Ун-ти Берлин буд. Аз с 1831 дар Франкфурти Майн зиндагӣ кардааст. Дар асари асосиаш «Олами азму ирода ва тасаввуф» (1819—44) моҳияти олам («чизҳо дар худ»-и И. Кант)-ро азму иродаи ломаъқул …
Муфассал »ШОПЕН Фридерик Францишек
ШОПЕН (Chopin) Фридерик Францишек (22. 2. 1810, Желязова-Воля, наздикии Варшава —17. 10.1849, Париж) композитор ва пианинонавози поляк. Аз с. 1831 дар Париж зистааст. Асарҳои романтикӣ ва ватанпарастонаи Ш. (бештар барои фортепиано) мусиқии халқҳои полякро машҳури ҷаҳон сохтанд. Ш. имконияти техникӣ ва бадеии фортепианонавозиро инкишоф дода, рақсҳои халқиро драматизация намуд. Мазурка, …
Муфассал »ШОНИН Георгий Степанович
ШОНИН Георгий Степанович (тав. 3. 8. 1935, ш. Ровенькии вил. Луганск, ҳозира вил. Ворошиловград), лётчик – кайҳоннаварди СССР, генерал-майори авиация (1977), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1969). Аъзои КПСС аз с. 1957. С. 1957 Омузишгоҳи ҳарбии авиациониро хатм намуд. Аз с. 1960 дар отряди кайҳоннавардон аст. 11—16 окт. 1969 ба сифати командири …
Муфассал »ШОНА
ШОНА, асбоби дандонадореро гуянд, ки бо он одамон муйсару ришашонро ба тартиб оваранд. Маъмулап Ш.-ро аз чуби бенуқси дарахтони шамшот, заранг, дулона, фарк, зардолу, чормағз, нок, гелос, олаш (бук) тайёр мекунанд. нанд. Аз як тарафи он дандони дурушт ва тарафи дигараш дандони маҳин мебароранд. Паҳлуҳояшро камоншакл мекунанд ва ба …
Муфассал »ШОЛОХОВ Михаил Александрович
ШОЛОХОВ Михаил Александрович (24.5.1905, хутори Кружилин станицаи Вёшенская, ҳозира р-ни Вёшенская, вил. Ростов-21.2.1984, ҳамон ҷо), нависандаи совети рус, академ. АФ СССР (1939), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1967-80). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с.1932. Аъзои КМ КПСС аз с.1961. Дар мактаби назди калисо ва гимназия таҳсил кардааст. Дар Ҷанги …
Муфассал »ШОЛИКОРӢ
ШОЛИКОРӢ як соҳаи растанипарвариро гӯянд, ки ба парвариши шолӣ машғул аст. Ниг. Инчунин Шолӣ.
Муфассал »ШОКИР Лутфуллоҳ
ШОКИР Лутфуллоҳ (с.тав.ва ваф.номаълум), шоир ва донишманди тоҷик (а.17). Олими соҳаи фиқҳ, ҳадис, баён, тафсир, фалсафа, нуҷум, мантиқ, наҳв буд. Дар давраи Субҳонқулихон (ҳукм.1680-1702) Ш. дар дарбор буд. Баъдтар онро тарк кард ва ба кори тадрис ва таълифи асарҳои илмию бадеӣ машғул шуд. Ш.устоди муаммо ва яке аз муфассирони «Шабистони …
Муфассал »ШОКАРИМОВ Юлдош
ШОКАРИМОВ Юлдош (28.8.1937, ш.Ленинобод), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с.1966. С.1961 Ин-ти политехникии Киев ва с.1981 Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС-ро (ғоибона) хатм намуд. С-ҳои 1961-65 инженери калони «Тоҷикпроавтоматика» ва дигар ташкилотҳои Вазорати саноати электронии СССР, 1965 ҷонишини сардори Управленияи техникии Советии хоҷагии …
Муфассал »