Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 177)

Гуногун

ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич

yagello

ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич (1865, ш. Юрьев, руб. Лифляндия, ҳозира РСС Эст.— 31. 8. 1942, Москва), ходими ҳарбӣ, шарқшиноси рус. Аз оилаи баҳрнавард (штурман). Я. забонҳои англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ, форсӣ, урду ва пуштуро ба хубӣ аз худ кард. Вай солҳои зиёд дар Туркистон (Тошканд, Ашқобод) хизмат карда, ба офицерони рус …

Муфассал »

ЯБЛОЧКОВ Павел Николаевич

yablochkov

ЯБЛОЧКОВ Павел Николаевич (14. 9. 1847, деҳаи Жадовка, губ. Саратов —31. 3.1894, Саратов), электротехник, ихтироъкори рус. Я. соли 1875 шамъи электрӣ—модели нахусти лампаи камонии берегуляторро coхт. С. 1879 «Ширкати чароғи электрикии П. Н. Яблочков — ихтироъкор ва К» ва з-ди электромеханикаро дар Петербург ташкил кард, ки дар як қатор киштиҳои …

Муфассал »

ЮҒ

yugh

ЮҒ, чубест, ки ба гардани ҷуфти гов ниҳода, ба омоч, чигина, мола ва ғ. мебанданд. Ю. чуби чортарош ё гула буда, дарозиаш тақр. 2—3 м ва диаметраш 20—30 см мешавад. Дар охири дар ду тарафи он сурохие ҳаст, ки аз он ба таври вертикали юғлол (чубчаҳои дарозиашои 30—35 см, диаметрашон …

Муфассал »

ЮСУФӢ Ҳабиб

habib-yusufi

ЮСУФӢ Ҳабиб (Юсуфов Ҳабибулло; 4. 2. 1916, Самарқанд—22. 2. 1945, деҳаи Вешнучи назди Варшава), шоири советии тоҷик. Аз оилаи мударрис. Ун-ти Самарқандро хатм кардааст (1940). Дар Ун-ти мазкур аз адабиёти қадими Юнон ва адабиёти а. 19 рус дарс гуфтааст (1939-40). С-ҳои 1940—42 мудири сектори адабиёт ва ходими илмии Ин-ти таърих, …

Муфассал »

ЮСУФОВА Сороҷон

ЮСУФОВА Сороҷон (5. 5. 1910, Бухоро—15. 5. 1966, Душанбе), геологи советӣ, акад. АФ РСС Тоҷ. (1951), доктори илмҳои геология ва минералогия (1948), проф. (1950), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷ. (1960). Аъзои КПСС аз 1962. С. 1935 Ун-ти Самарқандро хатм кардааст. С-ҳои 1940 —43 дар Ин-ти геологияи Филиали узбекистонии АФ СССР …

Муфассал »

ЮСУФОВ Ҳаким Мустафоевич

ЮСУФОВ Ҳаким Мустафоевич (тав. 17. 12. 1918, ш. Бухоро), геологи советӣ. Доктори илмҳои геология ва минералогия (1984). Аъзои КПСС аз с. 1945. Ун-ти Самарқандро хатм кардааст (1940). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Пас аз ҷанг дар Управленияи геологияи РСС Тоҷ. кор кардааст. С-ҳои 1960—66 ходими хурди илмӣ ва аз 1967 …

Муфассал »

ЮСУФОВ Қобилҷон

ЮСУФОВ Қобилҷон (тав. 1929, С. д. Ортиқов, p-ни Конибодом), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз с. 1958. С-ҳои 1942—49 сардори звенои пахтакории к-зи «Коммунист» (ҳоло «Ленинград»)-и p-ни Конибодом, 1950—53 дар сафи Армиям Советӣ буд. Аз с. 1954 сардори бригадаи боғдории к-зи «Ленинград» аст. С-ҳои 1947—48 звенои Ю. ҳосили …

Муфассал »

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ (тав. тақр. 1021—с. ваф. номаълум), шоир, олим ва мутафаккири туркзабони Осиёи Миёна. Дар Қошғар таҳсил намуда, ба камол расидааст. Ю. Б. муаллифи яке аз қадимтарин осорӣ адабиёти халқҳои туркзабони Осиёи Мнёна — достони «Қутадғу би-лик» («Китоби бахт», таълифаш 1069, ба забони уйғурии давраи Қарахониён) мебошад. Ӯ нахустин шоирест, …

Муфассал »

Юсуфи Арӯзии Нишопурӣ

ЮСУФИ АРӮЗӢ         Юсуфи Арӯзии Нишопурӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. Дар ох. а. 10 ва ибт, а. 11 умр ба cap бурдааст. Мувофиқи гуфтаи муаллифи «Ал-Муъҷам» Ю. А. аз адибони замони султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва шоиру назариётчии адабиёт будааст. Сайфӣ дар «Арӯзи Сайфӣ» ном асараш уро …

Муфассал »

ЮСУФИ АНДИҶОНӢ

ЮСУФИ АНДИҶОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), оҳангсоз, ҳофиз, навозанда ва мусиқишиноси тоҷик (а. 15). Ю. А. зиёда аз 300 асари мусиқӣ тасниф карда аст. У, махсусан, ба мақомҳои «Бузург», «Наво», «Ироқ», «Ҳусайнӣ», нақш, савт, амал, кор, пешрав, тарона эҷод кардааст. Аз ҷумла, «Пешрави Наво», «Амали Наврӯз», «Савти Ушшоқ», «Нақши …

Муфассал »