Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 169)

Гуногун

ҚАЛАМ

kalam

ҚАЛАМ (ар килк), наи тарошидаро гуянд, ки бо он хат менависанд. Ба маънои васеаш Қ. гуфта милаеро меноманд, ки аз ангишт, қурғошим, графит ва ранги хушк тайёр карда мешавад. Намунаҳои он, ки аз штифтҳои филизӣ, қурғошим ва нуқрагин иборатанд, дар а-ҳои 12—16 истифода мешуданд. Дар а. 14 ба истилоҳ Қ.-и …

Муфассал »

ҚАЙЮМОВ Қудрат

ҚАЙЮМОВ Қудрат (с. тав.номаълум — ваф. 12. 9. 1943, деҳаи Оболоньеи p-ни Копрони вил. Чернигов), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943), сержант. Пеш аз ҷанг дар к-зи «Сохтмони Вахш»-и собиқ p-ни Октябрь (ҳоло р-ни Вахши вил. Қурғонтеппа) кор мекард. Ҳангоми cap шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ба сафи Армияи амалкунанда даъват шуд. …

Муфассал »

ҚАЙЧӢ

kaychi

ҚАЙЧӢ, миқроз, газ, асбоби дастӣ, дастгоҳ ё мошинест барои буридани материалҳои гуногун. Қ-аз а. 3 то м. маълум буда, ҳангоми ҳафриёти ёдгориҳои маданияти латен ёфт шудааст. Он аз ду корд иборат аст, ки онҳоро пластинаи металлии камоншакл (фанарвор ҳаракаткунанда) бо ҳам мепайвандад. Чунин К.-ро ҳозир барои тарошидани пашми бузу гусфандон …

Муфассал »

Санги ҚАЙРОҚ

sangi-kabr

ҚАЙРОҚ, 1) сангест барои тез кардани теғ; 2) санг (лавҳ)-ест, ки дар рӯи он катибаи гурро нависанд. Қ.-ҳое, ки аз Осиёи Миёна ҷамъ оварда шудаанд, бештар байзашакл ва гуногунҳаҷм буда, дарозии баъзеашон то 1 м аст. Қ.-ҳо барои сабти катиба дар намуди аслиашон истифода мешуданд. Қ.-ҳои руи қабр дар тамоми …

Муфассал »

ҚАЙМОҚ

kaymok

ҚАЙМОҚ, саршир, руи шир, бастан руи ширро гуянд; маҳсулоти серравғани шириест, ки тавассути сепаратор аз шир мегиранд. То ихтирои сепаратор ширро 12—24 соат нигоҳ дошта. Қ. мебандониданд-4.-е, ки з-дҳои шир мебарорад, 10, 20, 35% равған дорад. Аз Қ. асосан маска мегиранд. Қ.-ро барои истеҳсоли яхмос низ истифода мебаранд.

Муфассал »

ҚАЙДИИ ШЕРОЗӢ

ҚАЙДИИ ШЕРОЗӢ (с. тав. номаълум — ваф. 1582, Фатдҳпур Сикрии Ҳинидустон), шоири эронӣ. Дар дарбори Исмоили II сафавӣ (ҳукмр. 1576—78) хидмат мекард. Ба ҳаҷ рафт ва аз он ҷо ба Ҳиндустон баргашта, мулозими Акбар шуд. Аз амрҳои Акбар ва нороҳатии мардум шиква мекард, барои ин вайро аз дарбор дур карданд. Дар …

Муфассал »

ҚАЗӢ

kazi

ҚАЗӢ, як навъ таоми, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ. аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Гушти беустухони аспро ба порчаҳои 40—60 граммӣ дарозруя бурида, бо равғанаш дар зарфҳо мехобонанду ба он мувофиқи табъ намак, мурч, зира андохта, нағза омехта мекунанд ва дар ҷои салқин 12—24 соат нигоҳ медоранд. Рудаҳои …

Муфассал »

ҚАЗВИНӢ Наҷмуддин Алӣ

ҚАЗВИНӢ Наҷмуддин Алӣ ибни Умари Котиби Қазвинӣ (с. тав. номаълум, Қазвин — ваф. 1277), файласуф ва ҳайатшиноси форс-тоҷик. Яке аз шогирдони Насируддини Тусӣ Қ. дар расадхонаи Мароға мушоҳидаҳо гузаронидааст. Дар мактаби илмии Мароға ҳамчун олими маъруф аз илми мантиқ дарс гуфтааст. Яке аз устодони Қутбуддини Шерозӣ буд. Асари машҳури Қ. …

Муфассал »

ҚАЗВИНӢ Мирзо Муҳаммад

ҚАЗВИНӢ Мирзо Муҳаммад (4. 4. 1877, Теҳрон — май 1949), адабиётшиноси эронӣ. Фаъолияти илмиаш с. 1904 баъди сафараш ба Англия оғоз ёфт. Дар Лондон Қ. бо шарқшиноси машҳури англис Э. Браун вохурда, бо маслиҳати у ба омузиш ва омода кардани матни интиқодии «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ машғул шуд. Баъдан вай барои …

Муфассал »

ҚАДРӢ Азизуллоҳи Балхӣ

ҚАДРӢ  Азизуллоҳи Балхӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 19). Аз наҷибзодагони Балх. Дар Бухоро таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Охири умрашро дар хидмати Садри Сарир гузаронд. Аз осори Қ. намунаҳо тавассути тазкираҳо (мас., «Туҳфат-ул-аҳбоб- фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Возеҳ) ва баёзҳо боқӣ мондааст. Ин абьёт аз уст: Аз тиҳидастӣ нагардад …

Муфассал »