Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЙЮМОВ Қудрат

ҚАЙЮМОВ Қудрат

ҚАЙЮМОВ Қудрат (с. тав.номаълум — ваф. 12. 9. 1943, деҳаи Оболоньеи p-ни Копрони вил. Чернигов), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943), сержант. Пеш аз ҷанг дар к-зи «Сохтмони Вахш»-и собиқ p-ни Октябрь (ҳоло р-ни Вахши вил. Қурғонтеппа) кор мекард. Ҳангоми cap шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ба сафи Армияи амалкунанда даъват шуд. Қ. дар Полки 109-уми тирандозии Дивизияи 74-уми тирандозии Армияи 13-ум командири отделения буд. Ҳангоми яке аз ҳуҷумҳои аскарони мо 12 сент. 1943 пулмеёти калонкалибри душман пеши роҳи ҷанговаронро гирифт. Қ. ба мақсади таркондани пулемёти фашистон ба пеш хазида, гранатаи танкзанро ҳаво дод. Пулемёти душман ба хок яксон ва роҳи аскарони мо кушода шуд. Дар ин муҳориба Қ. қаҳрамонона ҳалок гардид.

Л. П. Сечкина.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …