ҚАМБАРОВ Муродалӣ (8. И. 1692. деҳаи Қумқурғони Намангон—27. 8. 1958, p-ни Колхозободи РСС Тоҷ.), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1951), Устоди пахтаи РСС Тоҷ. (1953). С-ҳои 1933—36 колхозчӣ, сардори бригадаи пахтакорӣ, 1936—56 раиси к-зи ба номи Карл Маркс (собиқ «Большевик»)-и р-ни Колхозобод. Бригадаи Қ. с-ҳои 1950—51 ҳосили фаровони пахта руёнд. Депутати …
Муфассал »ҚАМАРӢ Низомуддин Маҳмуд
ҚАМАРӢ Низомуддин Маҳмуд, мутахаллис ба Қамар ва маъруф ба Низомии Исфаҳонӣ Қозӣ Низомуддин (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Аз хонадони хуҷандиёни Исфаҳон. Шеърашро (бештар қасидаҳо сурудааст) дар сабки ироқӣ ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ) ва арабӣ таълиф мекардааст. Аз осораш девони ашъори шомили 4 ҳаз. байт боқист. …
Муфассал »ҚАМАРӢ Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ
ҚАМАРӢ Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб (а. 10). Зодгоҳаш Бухоро. Дар баъзе манбаъҳо уро Абумансури Бухороӣ низ мегуянд. Қ. ҳамасри Абубакр Закариёи Розӣ ва табиби шахсии амир Мансури Сомонӣ (961—976) буд. Абуалӣ ибни Сино аз Қ. дарс омухта, таҷрибаҳои уро истифода бурдааст. Дар …
Муфассал »ҚАМАРОВ Ҷонбой
ҚАМАРОВ Ҷонбой (тав. 1924, деҳаи Чубаки p-ни Ҷиргатол), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сержанти калон, командири гуруҳи автоматчиён. Дар Полки 422-и дивизияи 170-уми Армияи 48-ум адои хизмат кардааст. У ҳамчун автоматчии рота дар ҷангҳои шадид баҳри озод намудани p-ни Порическии вил. Полессия (РОСБ) далери нишон дода, яке аз аввалинҳо шуда худро …
Муфассал »ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович
ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович (тав. 26. 5. 1933, p-ни Ишкошими ВАБК), инфекционисти советӣ, доктори илмҳои тиб (1985), проф. (1986). Аълочии нигаҳории тандурустии СССР (1968). Аз оилаи колхозчӣ. С. 1956 фак-ти муолиҷавии Ин-ти тиббии Тоҷикистонро хатм кард. Сардухтур, сипас ҷонишини сардухтури беморхонаи р-ни Ишкошим (1958—60). С-ҳои 1964—78 ассистент, 1976—80 доцент ва аз …
Муфассал »ҚАМАРИИ ГУРГОНӢ
ҚАМАРИИ ГУРГОНӢ Қамарӣ, Абулқосими Зиёр ибни Муҳаммад (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 10). Дар дарбори Унсурулмаолии Кайковус хидмат мекард. Аз мероси адабии Қ. Г. 30 байт то ҳол дастрас гардидааст. Аксари ин абьёт лирикианд. Дар онҷо шоир аз масъалаҳои гуногуни зиндагӣ, шикоят аз давру замон, тарғиби панду …
Муфассал »ҚАЛҚАШАНДӢ Абулаббос Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ
ҚАЛҚАШАНДӢ Абулаббос Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ (1355, қарияи Қалқашандаи Қалюба — 1418, Қоҳира), адиб, муаррих, ва энциклопедисти араб (Миср). Дар Искандария таҳсил кардааст. Аз с. 1376 аз ҳадис ва фиқҳ дарс мегуфт. Дар бораи насаби қабилаҳои араб китобҳои «Ниҳоят-ул-адаб фӣ маърифат қабоил-ил-араб» ва «Қалоид-ул-ҷумон фит-таъриф фӣ қабоил араб-из-замон»-ро офарид. Асари …
Муфассал »ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА
ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА, димнан ш. Бунҷикат, ки дар наздикии деҳаи Шаҳристони p-ни Уротеппа воқеъ аст. Дар ох. а. 19— ибт. а. 20, с-ҳои 1949—50 Қ. Қ. қисман таҷдид гардид. Аз с. 1956 инҷониб Эксиедицияи археологии комплексии шимоли Тоҷикистон ба ҳафру тадқиқи Қ. Қ. машғул аст. Қ. Қ. аз 3 димнаи алоҳида …
Муфассал »ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ
ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ, ёдгории археологӣ ва фортификационии мансуб ба а. 19, ки дар наздикии деҳаи Қаратоғи РСС Тоҷ., Дар соҳили рости д. Қаротоғ воқеъ буд. Дар он беки Ҳисор мезист. Харобаҳои қалъаро саиёҳи франсавӣ Г. Совпало, ки с. 1886 ба Бухорои Шарқӣ омада буд, тасвир кардааст. Дарозии он зиёда аз 400 …
Муфассал »ҚАЛЪАИ ҚААҲҚА
ҚАЛЪАИ ҚААҲҚА, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 3 то м.— 6 м. аст, ки дар қисми шарқии деҳаи Намадгути поёни соҳили шимолии д. Панҷ воқеъ аст. Дар бораи Қ. Қ. бори аввал бостоншиноси англис А. Стейн, ки с. 1911 ба ин ҷо омада буд, хабар додааст. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ …
Муфассал »