ҚАРОБУРА. қароргоҳи палеолитии мансуб ба маданияти мустье. Дар соҳили чапи д. Вахш, 37 км ҷан. ғарби ш. Қурғонтеппа воқеъ аст. С-ҳои 1957—64 В. А. Ранов кашф ва тадқиқ намуд. Олоти палеолитӣ дар самти шим. теппаҳо дар суфачаҳои қадимаи водиҳо дучор мешаванд. Суфачаҳо аз давраи геологии плейстоцени боло боқӣ мондаанд. Аз …
Муфассал »ҚАРОБОЕВ Неъмат
ҚАРОБОЕВ Неъмат (1916, ш. Конибодом —1942, дарьёи Дон), нахустин Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Осиёи Миёна (1940), лейтенанти хурд. Аз оилаи деҳқон. Узви комсомол аз с. 1939- 1937 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, аввал дар Округи ҳарбии Острова ш. Ленинград, дар собиқ Полки савораи қисми ҳарбии 4679, баъд дар ш. Габен …
Муфассал »«ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӢ»
«ҚАРОБОДИНИ ҚОДИРӢ» асари тиббии Мирмуҳаммади Акбар (маъруф ба Муҳаммади Арзонӣ), ки с. 1717 таълиф кардааст. Мирмуҳаммади Акбар ғайри «Қ. Қ.» оид ба тиб таълифоти зиёде дорад, ки «Тибб-ун-набӣ», «Тибб-ул-акбар», «Муфарреҳ-ул-кутуб», «Мизоя-ут-тиб», «Таориф-ул-амроз» ва «Муҷарработи Анбарӣ» амсоли онанд. «Қ. Қ.» аз 23 боби асосӣ ва 2 боби иловагӣ иборат аст. Бобҳои …
Муфассал »ҚАРОБОДИНИ КАЛОНИСӢ
ҚАРОБОДИНИ КАЛОНИСӢ асари Калонисӣ дар боби тиб, ки тахминан с. 1194 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Чӣ тавре ки Ибни Абуусайбиа дар асари худ «Таърихи табибон» қайд намудааст. Муаллиф ҳангоми навиштани асари мазкур аз «Ал-Қонун»-и Ибни Сино, «Ал-Ҳовӣ», «Ал-Комил»-и Абубакри Розӣ ва диг. асарҳои тиббии олимони шарқ истифода бурдааст. Қ.К. …
Муфассал »«ҚАРОБОДИНИ КАБИР»
«ҚАРОБОДИНИ КАБИР» асари Муҳаммадҳусайн ибни Муҳаммади Одилӣ дар боби тиб, ки с. 1770 таълиф шудааст. Муаллифи «Қ. к.» дар Ҳиндустон умр ба cap бурдааст ва бо номи «Махзан-ул-адвия» асари дигаре низ дорад. Муқаддимаи «Қ. к.» аз бист фасл иборат аст; фасли I доир ба ғизою даво ва аҳамияту фарқияти онҳо; …
Муфассал »«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»
«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ» (дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Муҳаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф.— тақр. 1907), илми тибро аз бобояш Ҳаким Муҳаммади Аъзамхон омухтааст. Азбаскӣ ба ин асар қисме (693 номгуи бемориҳо ва табобати онҳо) аз «Қарободини Аъзам», дохил аст, китоб номи худи муаллиф ва бобои ӯpo гирифтааст. …
Муфассал »ҚАПҚОН
ҚАПҚОН, қапқайн, чахтакпaй, олатест барои доштани ҳайвоноти калону хурди муинадор (хирс, силовсин, гург, рубоҳ, рубоҳи шимолӣ, савсор, самур, қоқум, санҷоб ва ғ.), инчунин зараррасонҳои х. қ. (юрмон, калламуши даштӣ ва ғ.). Қ. аз қадимулайём маъмул аст. Дар ноҳияҳои Тоҷикистон барои доштани ҳайвоноти муинадор бештар Қ.-и оҳанинро истифода мебаранд. Ҳангоми гузоштани …
Муфассал »ҚАНДИНОВ Лев Пиндосович
ҚАНДИНОВ Лев Пиндосович (тав.22. 1. 1932, ш. Фарғона), нависанда ва тарҷумони советии тоҷик. Ба русӣ эҷод ва аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума мекунад. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1965. УДТ-ро хатм кард (-1965). Дар идораҳои газетаҳои республикавӣ ва ж. «Тоҷикистон» ходими адабӣ, тарҷумон, мудири шуъба (1951—63), ёрдамчии Раиси …
Муфассал »ҚАНДАЛОТ
ҚАНДАЛОТ, як навъ ширинни миллист. Қ.-ро чунин тайёр мекунанд: мағзи бодом, зардоду, писта, чормағзро каме бирьён ва муқашшар менамоянд. Сипас дар зарфи сирдор ё деги мисин аз шакар ва обу ҷавҳари лиму қиём мепазанд. Мағзро ба лаълие андохта, болои оташи паст нигоҳ медоранд ва ҳар замон онро руйгардон мекунанд. Дар …
Муфассал »ҚАНД
ҚАНД, як навъ маҳсулоти хуроквориро гуянд, ки бештар аз лаблабуи қанд ё найшакар ҳосил мекунанд. Ду намуди (шакар ва қанди муқаррар) Қ. истеҳсол мешавад. Калориянокӣ 100 г Қ. 1,68 Мдж (қариб 400 ккал) аст. Оид ба таркиби хосиятҳои Қ. ниг. Сахароза.
Муфассал »