Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 165)

Гуногун

ҚАТТОНИ МАРВАЗӢ

ҚАТТОНИ МАРВАЗӢ Айнуззамон Имом Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ (1072—1153), адиб ва табиби форс-тоҷик. Дар Марв зиндагӣ ва эҷод кардааст. Вай дар арӯз, тиб, нуҷум ва ғ. чанд рисола навиштааст. Вазнҳои 24-гонаи рубоӣ дар ду шаҷари — ахрабу аҳрам аз ҷумлаи ихрооти уст. Аксари адабиётшиносони форс-тоҷик, аз Шамси Қайсӣ Розӣ то …

Муфассал »

ҚАТРОН Шарафуазамони Табрезӣ

ҚATPOH Шарафуазамони Табрезӣ (тақр. 1013, Шодиободи Табрез —1083), шоири озарӣ насли форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, пас аз касби камол ба шеърнависӣ cap кардааст. Муддате дар хидмати ҳукмрони Ганҷа буд. Қ. бо Носири Хисрав, ки 28 авг. 1046 ба Табрез расид, мулоқот кардааст. Бино ба маълумоти Носири Хисрав Қ. «шеъре …

Муфассал »

ҚАТЛӢ

ҚАТЛӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 17). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти «Музокир-ул-асҳоб» Қ. дар шеър хеле мумтоз буда, аз ҷавонӣ дар радифи шоирони маъруфи қасидасаро қарор гирифта будааст. Шеърҳояш матонату фатонати хосаеро доро будаанд. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо (мас. «Музокир-ул-асҳоб» ) омадаанд. С. …

Муфассал »

ҚАТИЛӢ Мавлоно Қатилии Бухороӣ

ҚАТИЛӢ  Мавлоно Қатилии Бухороӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар зодгоҳаш маълумот гирифта, илмҳои нуҷум, ҳайат ва мусиқиро хуб омухтааст. Девонаш то ҳол ба даст наомадааст. Аз у достони «Вомиқу Узро» (зиёда аз 5 ҳаз. байт) боқист, ки дар китобхонаи Музеи Британия таҳти рақами OR 9037 …

Муфассал »

ҚАССОРИ УММӢ

ҚАССОРИ УММӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо бо номи Писари Уммӣ зикр гардидааст. Аз ишороти муаллифони тазкираҳо бармеояд, ки вай ашъори некӯ ва ороста бо санъатҳои бадеӣ доштааст. Дар «Тарҷумон-ул-балоғат»и Родуёнӣ абёти зер ба ӯ нисбат дода мешавад: Эй шукуфта гулбуне пайваста бо хуршед сар, …

Муфассал »

ҚАССОБИ КОШОНӢ Сайидо

ҚАССОБИ КОШОНӢ Сайидо (с. тав. номаълум, Кошон— ваф. 1751, Машҳад), шоири эронӣ. Қ- К. аввалҳо ба василаи қассобӣ рӯз мегузарондааст. Тахаллуси шоириаш низ аз ҳамин ҷост. Бино ба маълумоти Малеҳои Самарқандӣ, ки с. 1670 бо Шоир вохурдааст, баъдтар у ба карбосбофӣ машғул будааст. Қ. К. бештар ғазал сурудааст. Дар девонаш, …

Муфассал »

ҚАСРИ СЪЕЗДҲОИ КРЕМЛЬ

kasri-s-k

ҚАСРИ СЪЕЗДҲОИ КРЕМЛЬ, калонтарин бинои ҷамъиятист барои гузаронидани муҳимтарин ҷамъомадҳои партиявӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналхалқӣ. С-ҳои 1959—61 дар ҳудуди Кремли Москва буньёд шудааст. Барои ба лоиҳагирӣ ва сохтани Қ. с. К. муаллифони он М. В. Посохин, А. А. Мидоянц, Г. Н. Львов, А. Н. Кондратьев, Е. Н. Стамо, П. П. Штеллер, …

Муфассал »

ҚАСРИ ЗИМИСТОНӢ

kasri-z

ҚАСРИ ЗИМИСТОНӢ дар Ленинград, ёдгории меъмории а. 18. Қ. з. то с. 1905 боргоҳи асосии императорони рус буд. Аввалин «Хонаи зимистонӣ» барои Пётри 1 с.,1711 дар соҳили Ҷуй зимистона ва дуюмаш дар ҷои бинои ҳозираи Театри эрмитаж (1716 —19, меъмор Г. И. Маттарнови, с-ҳои 1720 меъмор Д. Трезини таъмир кард) …

Муфассал »

Газетаи «ҚАРОТЕГИНИ СОВЕТӢ»

newspapers

«ҚАРОТЕГИНИ СОВЕТӢ», газета, органи комитети районии ПК Тоҷ. ва Совети депутатҳои халқии р-н и Ғарм. С. 1932 бо номи «Большевики Ғарм» мебаромад. Аз 1 майи 1940 газетаи вилоятӣ шуд. Аз 1 янв. 1953 газета номи «Ҳақиқати Ғарм»-ро гирифт. 1 окт. 1955 редакцияи газетаи районии «Ҳаёти нав»-ро ба г. «Ҳақиқати Ғарм» …

Муфассал »

ҚАРОРИИ ГЕЛОНӢ Нуриддин ибни Мулло Абдурраазоқ

ҚАРОРИИ ГЕЛОНӢ Нуриддин ибни Мулло Абдурраазоқ (с. тав. номаълум — ваф. 1582, Банголаи Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз Гелони Эрон ба Ҳиндустон рафта, ба хизмати Акбар дохил шуд. Дар анвои гуногуни шеър асарҳо офаридааст, ки дар девоне фароҳам омада буданд. Абьёти зер аз ӯст: Равшан шудам эй оташи ишқаш ба …

Муфассал »