Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 45)

Биология

ТАДҲИН

mash

ТАДҲИН (арабӣ — Чарб кардан), дар тибби қадим ба бадан молидани равған ё бо кафи равғанолуд молиш додани баданро гӯянд. Нигаред низ Масҳ.

Муфассал »

ТАДРИҶ дар биология

ТАДРИҶ, градасия дар биология, принсипи зина ба зина, ва содда ба мураккаб инкишоф ёфтани табиати зиндаро гӯянд, ки Ж. Б. Ламарк пешниҳод кардааст.  

Муфассал »

Ангури ТАГОБӢ

tagobi

ТАГОБӢ, чашми гов, чашмаки говак, чашми гӯсола, якдонаи сиёҳ, як навъ ангури маҳаллист. Дар вилояти Ленинобод (асосан раёнҳои Хуҷанд, Панҷакент, Уротеппа), раёни Қӯқанди вилояти Фарғонаи РСС Узбакистон ва вилоятҳои Ҷамбул ва Алмаатои РСС Қазоқистон маъмул шудааст. Токаш тезсабз, 43 —63% навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна, мудаввари панҷпарра (қутраш 18—22 см). Хӯшааш …

Муфассал »

ТАВУШҚОН

dipodidae

ТАВУШҚОН, муши дупо, тавушқониҳо (Dipodidae), як навъҷонвари мушмонандро гӯянд; азрӯи таснифи илмӣ оилаи ширхурест, мансуби хояндаҳо. Дарозии танаш 5,5 —25 см; пойҳои ақибаш нисбат ба нойҳои пеш дарозанд. Дар СССР 22 (аз ҷумла дар Тоҷикистон 2) намуди товушқон ҳаст. Знмистон товушқон хоб меравад. Товушқон шабона ё вақти шом хеле фаъол …

Муфассал »

ТАВОБИЛ

gggas

ТАВОБИЛ, набототи хушкест, ки барои хушбӯй ё хуштаъм намудани таом (масалан, зира, кашниз, мурч, ҳил, дорчинӣ, зардчӯба, қаранфул ва ғайра) истифода мебаранд.

Муфассал »

ТАБХОЛ

tabxol

ТАБХОЛ, учуқ (дар лотинӣ Негреs simplex), як навъ касалии пӯст, пардаҳои луобӣ, чатам ва ғайраро гӯянд, ки вирусҳо ба вуҷуд меораид. Ба одам баъзе ҳайвонот сироят мекунад. Табхол бештар дар ҷои пайвастшавтга пӯст бо пардаҳои луоби (лаб, пилк, узвҳои ҷинсӣ ва ғайра) ҳамроҳи баъзе бемориҳои сироятии муштарак (грип, пневмония, вараҷа …

Муфассал »

ТАБОШИР

taboshir

ТАБОШИР, тавоҳшир, табаҳшир, 1) хайзарон, хайзурон, хизурон, найи ҳиндӣ, бомбу, бомбук (Ваmbusa, Ваmbusaseae), гиёҳҳои хӯшадори дарахтмонандеро гӯянд, ки бо номи хайзурон маъмуданд. Асосан дар ноқияҳои тропикӣ ва субтроппкии Осиё, Африка ва Америка мерӯянд; 2) як навъ моддаи сафедест, ки аз мағзи найи ҳиндӣ — хайзурон гиранд ва он хусусияти давоӣ …

Муфассал »