Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ ЗАМОНАТӢ

БОЗОРИ ЗАМОНАТӢ

bozori-zamonatiБОЗОРИ ЗАМОНАТӢ, бозори ипотекӣ, бозори дуюмин, ки қисми бозори сармоя мебошад. Вазифаи асосии Бозори замонатӣ таъмини маблағгузории қарзҳои замонатӣ аст. Дар Бозори замонатӣ коғазҳои қиматноки замонатӣ – гаравнома (гаравхат), вомбаргу тасдиқномаҳои замонатӣ, шаҳодатномаҳои гарав ва ғайра дар гардиш мебошанд. Коғазҳои қимат­ноки замонатиро муассисаҳои махсусгардонида, ширкатҳои истеҳсолию молиявӣ (корпоратсияҳо, фондҳо, агентиҳо) мебароранд. Бонкҳо ба ин гуна ташкилот ҳуқуқи аз қарзгир гирифтани гаравхатро мефурӯшанд. Ин имкон медиҳад, ки маблағ ба бонк бетаъхир баргардонда шавад. Ҳамзамон ширкатҳои бароришу молиявӣ дар асоси қарзҳои бадастоварда коғазҳои қиматноки худро мебароранд. Онҳо дар бозори фонд гардиш карда, ба Бозори замонатӣ маблағи сармоягузорҳоро ҷалб менамоянд. Амалиёти Бозори замонатӣ бо мақсади ба даст овардани даромад аз ҳисоби хариду фурӯши коғазҳои қиматноки замонатӣ сурат мегирад. Дар Бозори замонатӣ бонкҳои замонатӣ ва тиҷоратӣ, ширкатҳои суғурта, фондҳои маблағгузор, ки ба фирмаҳои сохтмон ва заминдорон қарз медиҳанд, фаъолият менамоянд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …