Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗОН

БОЗОН

bozonБОЗОН (аз насаби физикии ҳинд – Ш. Бозе), бозе-зарра, зарраи қимати спинаш бутун (0, 1, 2,), Бозонҳо бар хилофи фермионҳо ба омори Бозе-Эйнштейн итоат меку­нанд, ки мувофиқи он шумораи дилхоҳи зарраҳои яксон дар як ҳолати квантӣ қарор мегиранд. Бозонҳо бунёдӣ ва таркибӣ мешаванд. Бозонҳои бунёдӣ кванти майдонҳои калибрӣ ҳастанд, ки бо ёрии онҳо фермионҳои бунёдӣ (лептонҳо, кваркҳо) дар модели стандартӣ таъсири мутақобила мекунанд. Ба чунин Бозонҳо фотонҳо (таъсири мутақобилаи электромагнитӣ), глюонҳо (таъсири мутақобилаи пурзӯр), ва 2-бозонҳо (таъсири мутақобилаи суст) мансубанд. Ба Бозонҳои бунёдӣ гравитон ва Бозони Ҳиггс низ тааллуқ доранд, ки мавҷудияти онҳо пешгуӣ шуда­аст, вале то ҳол дар таҷриба ошкор нагардидаанд. Ба Бозонҳои таркибӣ ҳолатҳои алоқаманди дукваркии зиёд ман­субанд, ки мезонҳо номида мешаванд. Мисоли дигари Бозонҳо ҳастаҳои шумораи нуклонҳояшон (протонҳо ва нейтронҳо) ҷуфт мебошад.

Адабиёт: Шварц А. С. Элементы квантовой теории поля. Бозонные взаимодействия. Москва, 1975; Мигдал А. Б. Фермионы и бозоны в силь­ных полях. Москва, 1978.                                                           

М. Холов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …