Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОТТИЧЕЛЛИ Сандро

БОТТИЧЕЛЛИ Сандро

botticheli-sandroБОТТИЧЕЛЛИ Сандро (аслан Алессандро Филиппепи) (1444, Флоренсия-1510, ҳамон ҷо), рассоми итолиёии даврони Эҳё. Дарси маҳоратро аз рассоми машҳур Филипо Липпи омӯхтааст. Бештар ба манзаранигорӣ ва порт­рет таваҷҷух дошт, ҳарчанд доманаи эҷодаш ниҳоят фарох аст. Аз асотир ва адабиёти атиқа бо маҳорати баланд истифода бурдааст. Мусаввараҳояш бо банду баст ва мувозинати худ бинандаро мафтун месозанд, дар онҳо аз рамз, кинояю истиора устодона кор гирифта шудааст. Масалан, дар мусаввараи «Таваллуди Ноҳид» чеҳраи илоҳаи зебоӣ – назокату латофати зан ба тамом кушода шуда, дар бинанда эҳсоси эҳтирому самимиятро бедор месозад. Симои зан дар мусаввараҳои «Фаромӯшшуда», «Магнификат». «Кентавр ва Паллада» олӣ тасвир ёфтааст. Боттичелли барои асари машҳури Данте «Мазҳақаи илоҳӣ» зиёда аз 80 расми ҷолиб офаридааст, ки аз ҳар ҷиҳат нотакроранд ва то ба ҳол дар нашри ин китоб ба забонҳои гуногуни дунё истифода мешаванд. «Туҳмат», «Таърихи Виргиния», «Марги Лукретсия», «Саҳнае аз зиндагӣ», «Ибодат», «Таслиб», «Мавлуди Исо», «Баҳор», «Парастиши соҳир», «Юдиф ва Олоферн», «Суботкорӣ» ва дигар мусаввараҳояш ҳамчун қуллаи баланди санъати Аврупо эътироф шуда, дар бузургтарин нигористонҳои Аврупо ва Амрико маҳфузанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …