Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

adbБОНКИ ОСИЁИИ РУШД (англисӣ Asian Development Bank), бонки байнидавлатии минтақавии кредитҳои дарозмуҳлат барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором. Соли 1966 ташкил шуда, то имрӯз 64 давлат аъзои он ме- бошанд. Саҳомони асосии Бонки Осиёии Рушд: Ҷопон, ИМА, Хитой, Ҳиндустон, Австралия, Индонезия ва Канада. Бонки Осиёии Рушд ба­рои ҳавасмандии болоравии иқтисод дар Осиёву Шарқи Дур, ирсоли вомҳо (қарзҳо)-и мустақим ба ин минтақаҳо ва расондани корбурдҳои техникӣ мусоидат мекунад. Қароргоҳи Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Манила (Филиппин) буда, Пре­зиденти он аз соли 2005 Харухико Куродаи ҷопонӣ мебошад. Барои дарёфти маблағхои кредитӣ аз Бонки Рушди Осиёӣ ҳам ҳукуматҳои давлатҳои аъзо ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ метавонанд муроҷиат намоянд. Маблағи миёнаи як кредит – 15 млн доллари амрикоӣ аст, маблағи нисбатан калон – то 50 млн доллар. Соҳаҳои афзалиятноки маблағгузории Бонки Осиёии Рушд: нақлиёт, алоқа, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва молия. Ҳаҷми солонаи қарзҳои пешниҳодшаванда 6 млрд доллари амрикоӣ ва ҳаҷми ёриҳои техникиаш 180 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Пешниҳоди қарзҳо тариқи фондҳои одӣ ва махсус сурат мегирад. Аввалӣ ба­рои бо шартҳои тиҷоратӣ, яъне, мувофиқи меъёри фоизи бозорӣ ва ба муҳлати нисбатан камтар (15-25 сол), дуввумӣ барои қарзҳои дарозмуҳлат барои (25-40) бо фоизи имтиёзӣ (1-3%) пардохт мегардад. Давраи имтиёзӣ барои қарзҳои одӣ 3-5 сол ва аз хазинаи махсус 10 сол аст. Соли 2006 Бонки Рушди Осиёӣ барои ҷорӣ намудани «воҳиди пулии осиёӣ» (ВПО) қарор қабул кард, ки он дар 13 кишвари аъзои он истифода гашта, шояд бо гузашти замон ба Еврои осиёӣ табдил шавад. Маблағҳои Бонки Осиёии Рушд – аз ҳисоби ҳаққи узвияти давлатҳои аъзо (7 дарсади маблағи оинномавии Бонк; тақрибан 55 млрд доллар), нася гирифтан аз бозори байналмилалии саҳмияҳо ва даромад аз қарздиҳӣ ташаккул меёбад. Лоиҳаҳои асоситарин (назаррас)-и Бонки Осиёии Рушд: кашидани лулаи нафти фароафғонӣ, лоиҳаи ёрии фаврӣ зимни заминларза ва туфонҳо дар Ин­донезия, барномаи минтақавии истифодаи д. Меконг.

Дар солҳои гузашта Бонки Рушди Осиёӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан 1 млрд доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ пешниҳод намудааст. Айни ҳол бо маблағи умумии 530 млн доллари амрикоӣ як силсила лоиҳа дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мав­риди татбиқ қарор дорад. Тибқи барномаи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 баҳри беҳсозии шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва идоракунии минтақавӣ 200 млн дол­лари амрикоӣ (асосан дар шакли грант) ҷудо мегардад. Бо маблағгузории грантии Бонки Осиёии Рушд роҳи мошингарди Ду­шанбе – Турсунзода то сарҳадди Ӯзбекистон мавриди навсозӣ қарор дошта, барои бозсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент то сарҳадди Ӯзбекистон низ қарор қабул шудааст. Маҷмӯи лоиҳаҳои фаъол ба маблағи умумии 529 млн доллари амрикоӣ дар бахшхои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Дар Осиёи Марказӣ Бахши ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ фаъолият дошта, ҶХХ (Вилояти мухтори Синзяну Уйғур), Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Муғулистон ва Афғонистон аъзон он мебошанд.

Адабиёт.: Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Душанбе, 2008; Егоров А. В. Международная финансовая инфраструктура. Москва, 2009.

Ш. Раҳимзода. И. Раҳматуллоҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …