Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ ОФШОРӢ

БОНКИ ОФШОРӢ

offshore-bankБОНКИ ОФШОРӢ (аз англисӣ offshore – аз соҳил дур, берун аз ҳудуд воқеъгашта), бонке, ки берун аз қаламрави бақайдгирифтааш фаъолият менамояд ва аз имтиёзҳои андозӣ бархурдор аст. Оффшор минтақаҳои махсусест дар қаламрави давлатҳои гуногун, ки дар он барои пешбурди амалиёти бонкӣ, молиявию асъорӣ, инчунин таш­кили тиҷорат бо ширкаткунандагони хориҷӣ имтиёзҳо ва шароитҳои махсус дода мешаванд (масалан, орӣ будан аз назорати асъорӣ, озод будан аз андоз ё иктифо кардан бо андозбандии камтарин). Бонки офшорӣ аз мақомоти дахлдори мамлакати ҷойгиршудааш (ба қайд гирифташудааш) иҷозатномаи махсус (литсензия) мегирад ва ҳар сол муҳлати онро бо пардохти маблағи муайян тамдид мекунад. Бонки офшорӣ ҳамеша таҳти назорати мақомоти молиявии давлатӣ онро қабулкарда қарор дорад.

Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …