БОНКИ НАВОВАРӢ. Бонки инноватсионӣ, яке аз намудҳои бонки махсусгардонидаи тиҷоратӣ. Қарзҳои ин гуна бонкҳо барои дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияи ҷадид, боло бурдани дараҷаи истеҳсолоти корхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти нави бозоргир ва дигар мақсадҳо пешбинӣ шудаанд. Сарчашмаи захираи Бонки навоварӣ васоити хусусӣ ва маблағгузории мизоҷон аст. Бонки навоварӣ, одатан қарзҳои дарозмуҳлат пешниҳод мекунад.
Ш. Дӯстбоев.