Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД

БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД

ebrdБОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (англисӣ European Bank for Reconstruction and Development, EBRD), созмони байналмилалии молиявӣ, ки барои рушди иқтисод ва густариши ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо 29 давлатӣ ҷаҳон аз кишварҳои Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама бо корхонаҳои бахши хусусӣ ҳамкорӣ менамояд. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд соли 1991 ҳамроҳ бо 61 кишвар ва ду созмони байналмилалӣ барои дастгирии иқтисоди бозорӣ ва демократия ташкил шудааст. Қароргоҳаш дар шаҳри Лондони Британияи Кабир воқеъ аст. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамчун созмони байналмилалӣ аз имтиёзҳои зиёде бархурдор мебошад, масалан, ҳуқуқи кормандони он дахлнопазир аст.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  дар марҳалае ба вуҷуд омад, ки дар давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ сохти сиёсии сотсиалистӣ ди­гар шуд ва собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ дар бунёди бахши нави хусусӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ муҳтоҷи ёрӣ ва дастгирӣ буданд. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бузургтарин сармоягузор дар минтақа буда, ба ғайр аз ҷудо намудани маблағҳои худ, маблағҳои зиёди сармоягузории мустақими хориҷиро низ ҷалб менамояд. Бо вуҷуди он ки саҳомонаш намояндагони давлатанд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо шарикони тиҷоратиаш асосан корхонаҳои хусусиро маблағгузорӣ мекунад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузории лоиҳавии бонкҳо, корхонаҳо ва ширкатҳоро амалӣ сохта, ҳам ба истеҳсолоти нав ва ҳам ба ширкатҳои амалкунанда маблағ ҷудо менамояд. Он ҳамчунин бо ширкатҳои давлатӣ бо мақсади дастгирии равандҳои хусусигардонӣ ва навсозии сохтории онҳо, инчунин такмили хоҷагии коммуналӣ хамкорӣ мекунад. Хусусиятхои хосси амалиёти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалби васеи маблағҳо бо асъори мил­лии кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла рубли русӣ мебошад. Мувофиқи ойиннома Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фаъолияти худро танҳо дар кишварҳое ба роҳ меандозад, ки ба принсипҳои «де­мократия» пайравӣ дошта бошанд. Ҳифзи муҳити атроф қисми таркибии низоми боэътимод фаъолияткунандаи идораи воҳид буда, дар тамоми амалиёти сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба эътибор гирифта мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар киш­варҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ саҳоми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, аз қарзҳои он истифода мебарад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон барои пешрафти фаъолият ба ширкати нушобабарории «Оби зулол» ва бонкҳои тиҷоратии хусусӣ қарзҳои дарозмуддат додааст. Ҳамчунин Бонки аврупоии таҷдид ва рушд соҳиби қисме аз саҳмияҳои «Агроинвестбонк» мебошад. Сармояи оинномавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соли 2008-ум 11,8 млрд евроро ташкил медод.

Ададиёт: Деньги. Кредит. Банки: Учебник для вузов! Под ред. профессор Е. Ф. Жукова. Москва, 2002; Егоров А. В. Международная финансовая ин­фраструктура. Москва, 2008; Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарзӣ. Душанбе, 2008.                                                                                    

Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …