Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОНИФИКАТСИЯ

БОНИФИКАТСИЯ

bonifikatsiyaБОНИФИКАТСИЯ (фаронсавӣ bonification, лотинӣ bonus – раҳмдил, хуб), а) баргардондани андозҳои аз молҳои содиротӣ ситонидашуда (ба ҷониби содиркунанда) бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозори беру­на (ҷаҳонӣ); б) изофапардохт ба нархи моли дар қарордод муқарраргардида, агар сифати он баландтар аз сифати шартӣ бошад; в) пардохти якдафъаинаи соҳибони вом (заём) ҳангоми иваз шудани облигатсия ба коғазҳои қиматноки арзишашон баландтар.

Адабиёт.: Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Душанбе, 1999.

Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …