Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИРИИ ҲИРАВӢ

БОҚИРИИ ҲИРАВӢ

imagesБОҚИРИИ ҲИРАВӢ шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар зодгоҳаш – шаҳри Ҳирот улуми мутадовилаи даврашро омӯхта, ба камол расидааст. Пас аз касби камол ба доираи адабии дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро ворид шуд. Дар шеъру шоирӣ шогирди Шаҳдоби Ҳиравӣ – шоири маъруфи замонаш буд. Боқирии Ҳиравӣ дар анвои гуногуни назм – қасидаву ғазал, рубоӣ ва ғайра шеърҳо эҷод кардааст, ки намунаҳои онҳо тавассути тазкираҳо расидаанд. Дар муаммогӯӣ дасти қавӣ доштааст. Муаммои зерин ба исми «рукн» аз сурудаҳои ӯянд:

Рақиб дид, ки сайдам намуд ғамзаи ёр,

Зи рашк сӯхт дилаш чун ба ноз кард шикор.

С. Ализода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …