БОҚИРИ КОШӢ (фавт 1588), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар шеъру шоирӣ шогирди Муҳташами Кошонӣ буд. Ба тасаввуф маӣл дошт. Муриди шайх Маҳмуд ном шахсе буд, ки барои ақоиди рошидиаш ба фармони шоҳи сафавӣ Аббоси 1 (ҳукмронӣ 1587-1629) ба қатл расида буд. Боқири Кошӣ чун пайрави шайх Маҳмуд ба таъқибот дучор шуд ва як сол маҳбус гардид. Ду сол дар Карбало зиндагӣ кард. Сипас аз он ҷо ба Кошон омад, вале баъд аз чанде маҷбур шуд ба Ҳиндустон сафар кунад. Аз Боқири Кошӣ девоне мондааст, ки дар он қасоиду ғазалиёту рубоиҳо ва ду маснавиаш фароҳам омадаанд. Азбаски Боқири Кошӣ ба тасаввуф майл дошт, ҳамин майлу рағбаташ дар асарҳои ӯ, махсусан дар яке аз маснавиҳояш,ки дар пайравии «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ навишта шуда буд, ба назар мерасад. Дар маснавии Боқири Кошӣ баъзе калимаҳову таъбироту истилоҳоти тасаввуфӣ шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Адабиёт.: Алиев Г. Ю., Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока. Москва, 1985.
М. Диловаров