Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИМУҲАММАД

БОҚИМУҲАММАД

imagesБОҚИМУҲАММАД  (фавт 1605), хони Бухоро, аз сулолаи Аштархониён (1601-05), писари Султон Ҷонибек. Вакили Шайбониён Пирмуҳаммадхон (1598 -1601) Боқимуҳаммадро барои хидматҳои шоёнаш ҳокими Самарқанд таъйин кардааст (1599). Боқимуҳаммад баъди мавқеи худро мустаҳкам намудан ҳатто аз итоат ба Пирмуҳаммадхон саркашӣ карда, ба муқобили ӯ мешурид. Моҳи июни 1601 дар Боғи Шамоли Самарқанд бо Пирмуҳаммадхон ҷангида, ӯро мағлуб кардааст. Баъдан, соли 1601 соҳиби тахти Бухоро шуда, дар Бухоро сулолаи навн Аштархониён ё худ «Ҷониён»-ро бунёд ниҳодааст. Баъди қатли Абдулмуъмин ҳукмронии хонадони Шайбониён ба охир расида, Боқимуҳаммад сиёсати дохилию берунии худро ба манфиати феодалҳое, ки ба тахт нишастани ӯро тарафдорӣ карданд, равона дошт. Дар солҳои аввали ҳукмрониаш барои ба зӯр гирифтани замин аз душманонаш сахт мубориза бурда, исёни шоҳзодаҳои аштархонӣ Аббосу Раҳмонқулиро (1601 -1602) фурӯ нишонд. Ба муқобили лашкари Шоҳ Аббоси I баромада, артиши эрониёнро дар ноҳияи соҳилии Пули Хатабаи Омударё торумор намуд ва Қундузро аз дасти Темуриён гирифт. Барои ба тартиб овардани корҳои идораи давлатӣ, аз нав ташкил кардани лашкар ва таҷдиди умури андозситонӣ тадбирҳо андешида, ислоҳот анҷом дод. Дар давраи ҳукмронии Боқимуҳаммад халқҳои қазоку қарақалпоқ ва ғайра бар зидди зулму истибдодаш борҳо шӯриш бардоштанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …