Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб

БОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб

imagesБОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб (950, Басра – 1013, Бағдод), мутакаллим ва фақеҳи маъруфи араб, намояидаи ашъария. Илмҳои замонашро дар зодгохаш омӯхта, ба мазҳаби ашъария гароид ва яке аз доиёну мубаллиғони таълимоти ин ҷараён гардид. Азудуддавла ӯро барои баҳсу мунозирахои илмию шаръӣ бо аҳли эътизол ба Шероз даъват кард. Боқилонӣ дар он баҳсҳо ғолиб омада, нуфузу эътибораш байни пайравони муътазила афзуд. Сипаc ба Бағдод рафта, то охири умр он ҷо монд. Боқилонӣ ҳамроҳи гурӯҳи уламо барои баҳсу муҷодалаҳои илмӣ бо масеҳиён ба Қустантания фиристода шуд. Ӯ дар баҳсҳо ғолиб омада, баъди бозгашт ба Бағдод муддате волии ноҳияи Қазоъ (Ироқ) гардид. Дар охири умр ба таълиму тарбияи шогирдон, аз ҷумла фарзандони Азудуддавла машғул шуд.

Боқилонӣ бештар аз 50 асар роҷеъ ба фиқҳу калом, ҳифзу ташаккул ва ннкишофи таълимоти ашъария, танқиди таълимоту ақоиди мазҳабу фирқаҳои дигари ислом таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон «ат-Тамҳид», «Ал-усулу-л-кабир», «Ҳидояту-л-мустаршидин», «Эъҷозу-л-Қуръон» мебошанд. Аз мазмуни осораш бармеояд, ки Боқилонӣ таълимо­ти илми каломро хеле инкишоф дода, бисёр нуктаҳои таъ­лимоти каломи ибтидоиро аз дидгоҳи муносибати ратсионалистӣ (оқилона) таъбиру таъвил намудааст ва ба му­носибати ақлу имон дар фалсафаи калом равшанӣ андохтааст. Аз ин рӯ, мутакаллимони мутааххир Боқилониро дар адабиёти фалсафӣ тарғиботгари каломи ратсионалистӣ мешуморанд.

Н. Саидов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …