Маълумоти охирин

БОҚИИ РУДӢ

imagesБОҚИИ РУДӢ (соли таваллуд номаълум, Бухоро – 1560, Ҳирот), оҳангсоз, сароянда, мусиқидон ва шоири тоҷик. Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш омӯхта, барои такмили донишу ҳунар ба Самарқанду Марв ва Ҳирот сафар кардааст. Аз ҷавонӣ ба фарогирии навохтани созҳои мусиқӣ, бахусус руд, қонун, барбат (уд), танбӯр ва зарбгарӣ (дафу доира) машғул шуда, дере нагузашта дар навохтани сози руд машҳур гардид. Дар жанрҳои шеърию мусиқии «савт», «пешрав», «кор», «қавл», «рехта», «куллиёт», «кор ва усул» ва ғайра барои созу овоз таснифоти рангин офарид. Асарҳои ӯ «Савти Чаманоро» (дар усули «Фохтазарб», ба мақоми «Наво», ғазали Кавкабии Бухороӣ), «Амали Хиром» (дар усули «Уфар» ва «Барафшон», ба мақоми Кӯчак», ғазали Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Нақши Сарви Сихӣ» (дар усули «Шодиёна», ба мақоми «Исфаҳон», ғазали Саъдии Шерозӣ), «Пешрави Панҷгоҳ» (дар усули «Туркзарб», ба мақоми «Ушшоқ» ва шуъбаи «Панҷгоҳ», ғазали Биноӣ»), «Савти Чоргоҳ», «Таронаи Панҷгоҳ» (дар усулҳои «Фаръ», «Самоӣ», ғазалҳои Котибӣ ва Биноӣ) дар ҳаёти мадании Ҳирот, Бухоро ва Самарқанд шуҳрати зиёд доштанд. Боқии Рудӣ ҳангоми дар Ҳирот зистанаш бо устоди мусиқии он давр Ғулом Шодӣ ҳамкорӣ дошта, чанд асари мусиқӣ офаридааст, ки «Савти Ҳиротӣ» ва «Куллиёти Рудӣ» аз қабили маъмултарини онҳо мебо­шанд. Боқии Рудӣ табъи шоирӣ дошта, ба тахаллуси «Рудӣ» ғазалу рубоиҳои дилнишин сурудааст.

Адабиёт: Дарвешалии Ҷангӣ. Рисолаи мусиқӣ (форсӣ). Р: 468 – 11, ИШ АИ Ӯзбекистон; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. Душанбе, 1988; Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои 12-15. Душанбе, 1989; Бобур. Бобурнача. Тошкент, 1993; Донишномаи Шашмақом. Душанбе, 2009.                                                                             

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …