Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОИНТИЗОМӢ

БОИНТИЗОМӢ

bointizomiБОИНТИЗОМӢ, сифати муҳимми маънавӣ, ки бо муносибати масъулиятноки инсон ба кор, бо эҳсоси инкишофёфтаи вазифашиноеӣ, бо талаботи ниҳоят баланд ба рафтору кирдори худ ва дигар одамон тавсиф дода меша­вад. Малакаи Боинтизомиро дар кӯдакон аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёт, яъне то ба мактаб рафтан ташаккул бояд дод. Зуҳуроти Боинтизомӣ дар кӯдакони синни томактабӣ итоаткорӣ ва иҷро намудани талаботи волидайн мебошад. А. С. Мака­ренко қайд кардааст, ки агар кӯдак дар 3-5-солагӣ итоаткору ҳарфшунав набошад, он гоҳ дар синни 6-7-солагӣ аз уҳдаи тарбияи ӯ баромадан душвор мегардад. Воли­дайн ва муаллимон бояд якҷо кӯшиш намоянд, ки дар навраси 10-12-сола малакаи дарки вазифаву уҳдадориҳоро дар мактабу оила ва инчунин маҳорати мустақилона иҷро намудани онҳоро ташаккул диҳанд. Боинтизомии наврасон ва навҷавонон, пеш аз ҳама, аз Боинтизомии калонсолон, махсусан ба худи волидайн вобаста аст. Боинтизомии ҳақиқӣ ташаббус, уҳдабароӣ, кӯшиши бо рафтори худ хурсанд кардани во­лидайн, рафиқон, устодон ва ғайраро дар бар мегирад.

Адабиёт: Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. X. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Душанбе, 2008.

Қ. Қодиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …