Маълумоти охирин
Главная / Техника / БОЙГОНИИ КОМПЮТЕР

БОЙГОНИИ КОМПЮТЕР

arhivatoryiБОЙГОНИИ КОМПЮТЕР, архиватор, барномаест, ки як ё якчанд файлро барои мувофиқ шудани интиқолдихӣ, ё нигоҳ доштан бастабандӣ мекунад. Одатан, Бойгонии компютер фишурдашавии фаӣлхоро бе талафот анҷом медиҳад. Бойгонии компютерҳои содатарин маводди дар файлҳо мавҷудро пай дар пай муттаҳид месозанд. Бойгонии компютер, инчунин бояд оид ба ном ва дарозии файлхои ҳақиқӣ (барои барқарор карда­ни онҳо) маълумот дошта бошад. Аксар Бойгонии компютер инчунин ит тилооти файлҳоро, ки аз ҷониби шабакаи амалиётӣ пешниҳод карда мешаванд (ба монанди вақти ташкил додан ва ҳуқуқи дастрасӣ), нигоҳ медоранд. Барнома боӣгониро ташкил дода, ҳам файлҳои матнӣ ва ҳам файлҳои бинариро коркард мекунад. Файлҳои матнӣ вобаста ба Бойгонии компютер якчанд бор фишурда мешаванд. Фишурдашавии файлҳои бинарӣ ба хусусияти онҳо вобаста буда, баъзеашон то даҳҳо бор фишурда мешаванд. Фишурдашавии файлҳои дигар ҳаҷми ишғолнамудаи онҳоро умуман кам намекунад. Одатан, фишурдашавии маълумот нисбат ба раванди баръакс сусттар сурат мегирад. Ба Бойгонии компютер аз рӯйи дараҷа ва суръати фишурдашавӣ бахо медиҳанд. Ин хусусиятҳои Бойгонии компютер ба бузургихои чаппа вобаста мебошанд, яъне, суръати фишурдашавӣ ҳар қадар баланд бошад, дараҷаи фишур­дашавӣ ҳамон андоза хурд аст ва баръакс.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …