Маълумоти охирин
Главная / Anvar (страница 12)

Anvar

МЕҲРОБИ ИСКОДАР

МЕҲРОБИ ИСКОДАР, меҳроби кандакории чӯбини асри 10 аз деҳаи Искодари райони Айнӣ. Соли 1925 М. С. Андреев ёфтааст (ҳоло дар Музеи муттаҳидаи республикавии таърихӣ- кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзод, Душанбе). Ҳар ҷузъи кандакориаш композицияи мураккаби ороиширо (нақшҳои ҳан­дасӣ, лавҳаи мунаббаткорӣ, катиба ва ғ.) дар бар гирифтааст. Дар нақшунигори …

Муфассал »

МЕҲРОБИ АШТ

МЕҲРОБИ АШТ, меҳроби кандакории а-ҳои 10—11 дар деҳаи Ашт (райони Ашт). Аз гили аълосифат сохта шудааст. Нақшунигори олиаш ин ёдгориро ба қатори шоҳасарҳои санъати кандакории Шарқ мансуб гардондааст. Намояҳои меҳроб тоқшакл буда, дар рӯяш нақшҳои аҷоиби назаррабо канда шудаанд: мар­кази композиционии онро доираи диаметраш 26 смии мунаққаш (нақшҳои ҳандасӣ) оро …

Муфассал »

МЕҲРИХОТУН

МЕҲРИХОТУН  (1456— 1514), шоираи турк. Аз оилаи қозӣ ва шоир. Соҳибмаълумот буд. За­бон ва адабиёти форсиро хуб медонист. Дар шеърҳояш муҳаббат ва хушбахтии инсонро тараннум кар­да, ба тарафдории ҳуқуқи занон сухан рондааст. Аксари шеърҳои Меҳрихотун хусусияти тарҷумаиҳолӣ дошта, дар шакли назира ба ашъори шоири намоёни ҳамзамонаш Наҷотӣ гуфта шудаанд. Шеърҳои …

Муфассал »

МЕҲРИИ ҲИРОТӢ

mesheryakov

МЕҲРИИ ҲИРОТӢ (соли таваллуд номаълум—ваф. тақр. 1449, Ҳирот), шоираи тоҷик. Шахси соҳибмаълумоте будааст. Бо дарбори Шоҳрух (1405—47) ва махсусан завҷаи Шоҳрух. Гавҳаршодбегим робитаи наздик дошт. Ӯ зани ҷасур, фошгӯ ва ҳаҷвнигор буда, ба ин сабаб аз тарафи Шоҳрух ба зиндон партофта шудааст. Баъди озод шу­дан аз зиндон робитаашро аз дарбор …

Муфассал »

МЕҲРИИ АРАБ

mesheryakov

МЕҲРИИ АРАБ Мир-Сайидалӣ ибни Мирмусоиди Омулӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17. Ба арабию форсӣ шеър мегуфт. Дар дарбори султон Ҳусайни Сафавӣ хизмат карда, ба унвони «маликушшуаро» соҳиб шудааст. Меҳрии Араб дар шеър гоҳо «Меҳр» ва «Сайид» низ тахаллус мекардааст. Меҳрии Араб соҳибдевон аст. Як нусхаи девони ӯ, …

Муфассал »

«МЕҲРГОНИ ХУРД»

«МЕҲРГОНИ ХУРД» ( — Ҷашн, тантанаи хурд), Меҳргони хурдак, 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки Борбади Марвӣ барои ҷашворони Хусрави Парвиз эҷод кардааст. 2) Яке аз гӯшаҳост дар таркиби «Дувоздаҳмақом». 3) Шӯъбаест дар таркиби «Понздаҳмақом», ки онро бештар «меҳргони борбадӣ» ва «меҳргони шоҳӣ» меномидаанд.

Муфассал »

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ»

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ» ( —ҷашн, тантанаи бузург), 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ эҷод намудааст. «Меҳргони Бузург» дар байни мардумони Мовароуннаҳру Хуросон аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҷашни Меҳргон ба шумор мерафтааст. 2) Гӯшаест дар таркиби «Дувоздаҳмақом».

Муфассал »

МЕҲРГОН

МЕҲРГОН яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои эронӣ расм шудааст. Баробари инкишофи деҳқонӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки рӯ­зи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад. Меҳргон рӯзи шонздаҳум — рӯзи меҳри моҳи ҳафтуми соли шамсӣ — меҳрмоҳ, ки эрониёни қадим …

Муфассал »

МЕҲРГИЁҲ

mehrgiyoh

МЕҲРГИЁҲ (Mandragora) ҷинси растаниҳои бисёрсолаест аз оилаи авранҷиҳо. Меҳргиёҳ пояи хеле кӯтоҳ до­рад ё бепоя аст. Решааш ғафси рост, баъзан ба шакли одам монанд аст. Баргаш калон (дарозиаш то 80 см), гулаш сафеди сабзча, кабуд ё бунафш, ғуҷуммевааш калон, норинҷӣ ё зард. 6 намуди Меҳргиёҳ дар кишварҳои б. Миёназамин, Осиёи …

Муфассал »

МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ

mesheryakov

МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ (1519—1584, Бухоро), шоири тоҷик. Дар Бухоро ба дунё омада, он ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Сар­рой ва ҳалвогар будааст. Аз ишороти Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб»), Бақои («Манмаъ-ул-фузало») ва маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ бармеояд, ки Меҳнатӣ шоири зарофатгӯй, ҳозирҷавоб ва ҳаҷвнигор буда, бо баҳонаи девонагӣ муллоёни мутаассиб ва ҳокимонро сахт …

Муфассал »