АНСАМБЛИ ЛОЛА – Ансамбли давлатии рақси коллективи хореографӣ, ки соли 1947 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Роҳбари бадеии он балетмейстер Ғаффор Валаматзода буданд. Зиёда аз 90 нафар ҷавонписарону духтаронро муттаҳид менамояд.
Ансамбли ЛОЛА дар тарғиби санъати хореографии тоҷик аввалин ҳайати эҷодии профессионалии республика ба шумор меравад. Дар барномаи консертии ансамблҳои асосиро рақсҳои халқию классикии тоҷик, инчунин рақсҳои халқҳои сермиллати собиқ шӯъравӣ ва кишварҳои Шарқи хориҷӣ ишғол мекунанд. Махсусан, рақсҳои «Шуғнонидухтар», «Синахурӯш», «Чорзарб», «Мор», «Кабӯтар», «Рақси дашнободӣ», сюитнҳои «Сайри ЛОЛА », «Тӯи Помир», «Ҳафт пайкар» ва ғайра мақоми хос доранд. Аз соли 1965 то 1985 солисткаҳо, Артистҳои Хизматнишондодаи Тоҷикистон Ш. Рашидова, Ҳ. Эркаева; солиситон Д. Боубоков, X. Ҷӯраев, X. Боева ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистони шӯъравӣ Малика Қаландарова — лауреати Фестивали умуиҷаҳонии ҷавонон ва студентон (Берлин, 1974) то соли 1979 дар ҳайати ансамбли « ЛОЛА » буд. X. Боева — дорандаи диплом» Фестивали Берлин ва Конкурси умуми-итттифоқии ҷавонон (Москва, 1974), К. Бурдонов (дойрадаст) низ сазовори дипломи Фестивали Берлин мебошанд. Ансамбли ЛОЛА бо барномаҳои консертӣ ба кишварҳои собиқ шӯъравӣ, шаҳру деҳоти республика сафарҳои ҳунарӣ карда, санъати хореографии шаклан миллию мазмунан сотсиалистии тоҷикро тарғиб менамояд. Баробари ин Ансамбли « ЛОЛА » иштирокчии фестивальҳои «Баҳори Киев» (1974), «Ситораҳои Москва», 1918 ҳафтаву даҳаҳои маданияти тоҷик дар якчанд кишварҳои иттифоқӣ мебошад.
ВИДЕО ОИДИ АНСАМБЛИ ЛОЛА
Ансамбли « ЛОЛА » бо барномаи консертӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ — Эрон (1974), Афғонистон (1970), Муғулистон (1974), Фаросна (1976), Ҳиндустон, Покистон (1976), Белгия (1978), Юнону Италия (1980) сафари ҳунарӣ намудааст. Дар Myғyлистон роҳбари бадеии ансамбл бо «Ордени Дӯстӣ» ва ҳайати эҷодӣ бо Грамотаи Фахрии Хурали Бузурги Муғулистон сарфароз гардиданд. Ансамбли мазкур — лауреати Мукофоти комсомоли ленинии РСС Тоҷикистон (соли 1972) сарфароз шудаааст. Барои барномаҳои консертӣ, комёбӣ ва тағиби хореографияи миллӣ роҳбари бадеии ансамбл Р. Валаматзода, роҳбари мусиқӣ Далер Назаров, солисткаҳои беҳтарин Ш. Рашидова, Ҳ. Эркаева, Малика Қаландарова, X. Боева соли 1975 ба гирифтани Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ мушарраф гардидаанд. Соли 1980 Ансамбли « ЛОЛА » ба унвони «Ансамбли Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» сазовор гардид.
Баъди ба даст овардани мустақилияти кишвар ва дар натиҷаи бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ солҳои 1991-1997 дар Ансамбли « ЛОЛА » ба сифати рақос писарбачаҳо дигар иштирок намекарданд. Алҳол шумораи рақосаву рақосаҳои ансамбли мазкур иборат аз тақрибан 30 духтару 20 писаранд (2017 сол), ки синашон асосан 16-22 сола мебошанд ва ҳайъати онҳо давра ба давра иваз карда мешавад. Бар иловаи ин атрофи 20 мусиқанавозон дар Ансамбли ЛОЛА фаъолияти меҳнатии худро идома медиҳанд. Солҳои охир роҳбарии хреографии ансамбл ба ӯҳдаи ҳунарпешаи корнишондода Саида Файзалиева вогузор карда шудааст. Рақиби асосаии ин дастаи ҳунарӣ аз асосан Ансамби «Зебо» мебошад.