Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури ҚАЛАМФУРӢ

Ангури ҚАЛАМФУРӢ

ҚАЛАМФУРӢ, як навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз; 38,5%-и навдаҳояш ҳосил медиҳад. Баргаш мудаввар, 5-парра, гулаш дуҷинса, хушааш калон (вазнаш 320—350 г), донааш калон, байзашакли дарозруя, сурхи сиёҳтоб, Серобу хуштаъм (қандаш 21—23%, туршиаш 8—9 г/), пусташ ғафс (2—3-то тухм дорад).

Даври нашваш 150 —155 рӯз. Аз ҳар га токзор 90—110 ц ҳосил меғундоранд. Асосан барои тархурӣ истифода мешавад- Қ-ро асосан дар баъзе ноҳияҳои Кӯлоб мепарваранд. Аз занбуруғҳои касалиангез кам зарар мебинад.

Ад.: Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда, т. 2, М 1965.

angur1

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …