Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРИФӢ Акобир

ШАРИФӢ Акобир

akobir-sharifi

ШАРИФӢ Акобир (Шарифов: тав. 9. 2. 1928, деҳаи Вардучи ҳозира раёни Ғарм), нависандаи советии  тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1959. Ин-ти педагогии Душанберо хатм «кардааст (1950). Дар редакцияи газетаву журналҳо, Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошувавонӣ ва  ЭСТ кор кардааст. Аз с. 1976 котиби масъули ж. «Машъал».

Шеърҳояш дар матбуот аз с. 1946 чоп шудаанд. Шеър ва ҳикояҳои бачагона. менависад. Муаллифи маҷм.-ҳои «Орифҷон ва мусичаҳо», (1957), «Бунафша» (1958), «Амаки милиса» (1961), «Наргис мактаб меравад» (1963), «Хари лофзан», «Тӯбча, суруд, алифбо» (ҳар ду 1965), «Аҳмади фалакпаймо» (1967), «Бурёкубон» (1971), «Ҳадя» (1973), «Тоҷикистони азиз» (1979), «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор» (1980). Шарифӣ барои бачагон пьесаҳои якпардагӣ низ навиштааст. Асарҳои Шарифӣ хусусияти тарбиявию ахлоқӣ доранд. Қаҳрамонҳои ӯ бачаҳои кунҷкову ҳассос буда, дар зиндагӣ аз паи калонсолон мераванд. Ба забони русӣ се маҷмӯаи ҳикая ва шеърҳои Шарифӣ ба табъ расидааст («Амаки милиса», 1965; «Хари лофзан», 1966; «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор», 1977). Ҳикоя ва шеърҳои адибони советӣ ва хориҷиро ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Аэ с. 1962 узви ИН СССР.  Ҷ. Бобокалонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …