АБУЗАБӢ (Абу-Даби), шаҳр – пойтахти Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва номи аморати алоҳида. Дар маркази мамлакат, дар соҳили халиҷи Форс, дар назираи хамном, ки бо китъа тавассути сарбанд мепайвандад, ҷойгир аст. Аҳолиаш 1 360 700 нафар (2018). Абузабӣ бандар ва аэропорти байналхалқӣ дорад.
Аз ёдгориҳои таърихи дар Абузанбӣ Бурҷи соат ва қалъаи Ал-Хусн боқист. Маркази тиҷорат, нақлиёт ва танзими истихроҷи нефти мамлакат. Бонки исломии Абузабӣ бузургтарин бонк дар ҷаҳон аст. Дар Абузанбӣ корхонаҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва пластмасса, заводҳои коркарди нефт, семент, коргоҳи киштисозӣ, донишгоҳ, палатаи савдо ва саноат мавҷуданд.
Ҳар сол дар Абузабӣ Намоиши байналхалқии силоҳ баргузор мешавад. Меҳмонхонаи «Байнуна Хилтон Тауэр» баландарин бинои Абузабӣ (165 метр) мебошад.