АБУТАЙИБИ САРАХСӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Аз шоирони давраи Сомониён. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тазкираҳо (масалан, «Маҷмаъ- ул-фусаҳо»-и Ҳидоят) намунаҳои ашъорш омадаанд. Абёти зерин аз ӯст:
Эй подшохи рӯи замин, давр аз они туст,
Андешаи тақаллуби даврон куну замон.
Бехе нишон, ки давлати боки-т бар дихад,
К-ин боғи умр, гоҳ баҳор асту гох хазон.
Чун ком човидон мутасаввир намешавад,
Хуррам касе, ки зинда кунад ном ҷовидон.
Адабиёт: Донишномаи Рӯдакӣ, ҷилди I, Душанбе, 2008.
Ш. Муҳаммадиев.