Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАЛИКИ ГУРГОНӢ

АБУСАЛИКИ ГУРГОНӢ

АБУСАЛИКИ ГУРГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз аввалин шоирони форс-тоҷик (асри 9). Бино ба маълумоти «Таърихи Систон», ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ дар давраи салтанати Саффориён ҷараён ёфтааст. Аз ашъори Абусалики Гургонӣ ҳамагӣ 10 байт дастрас гардидааст, ки мавзӯашон васфи ёр, панду насиҳат ва мадҳ мебошад.

Дар ни замона буте нест аз ту некӯтар,

На бар ту бар шамане аз раҳӣ-т мушфиқтар.

Дар ҷанби улувви ҳиммати чарх

Монандаи вушм пеши чарх аст.

Хуни худро гар бирезӣ бар замин.

Беҳ, ки оби рӯй резӣ дар канор.

Бут парастидан беҳ аз мардумпараст,

Панд гиру кор банду гӯш дор.

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2007.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …