Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / АБУСАИДИ САНҶАРӢ

АБУСАИДИ САНҶАРӢ

АБУСАИДИ САНҶАРӢ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуҷалил (соли таваллуд номаълум – ваф. 1036), ҳайатшинос ва риёзидони асри 10. Бо Аҳмад ибни Саффорӣ ва Иззуддавлаи Дайламӣ ҳамзамон буда, бо онҳо робитаи илмӣ доштааст. Аз осори боқии ӯ «Ҷомеи Шоҳӣ», «Таҳсил-ул-қавонин» («Тартиб додани қонунҳо»), «Зоиҷот-ул- кавокиб» («Зиҷи ситораҳо»), «Таҳсил- ул-қавонин-ил-ҳандаса ал-маҳдуда» («Ба вучуд овардани қонунҳои муайяни геометрӣ»), «Китоб фӣ масохат- ил-кура» («Китоб дар бораи масоҳати кура») маьлуманд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …