Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАҲЛИ САЪЛУКӢ

АБУСАҲЛИ САЪЛУКӢ

АБУСАҲЛИ САЪЛУКӢ Муҳам­мад ибни Сулаймон (906, Исфаҳон – 969, Нишопур), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил намуда ба камол расидааст. Сипас барои давом додани таҳсил ба Бас­ра рафта, солҳои зиёде он ҷо зиндагӣ кардааст. Ба зодгоҳаш баргашт.

Бо даъвати аҳли илму адаби Нишо­пур ба ин шаҳр кӯчид ва ба тадрис машғул шуд. Ӯ чун донишманди соҳахои гуногуни илм, аз ҷумла фиқҳ, ҳадис, сарфу наҳв, балоғату китобат ва ғайра машхур гардида буд. Муаллифони сарчашмаҳои адабиву таърихӣ ӯро бо унвоии «Ақза-л-қузоти Хуросон» ёд кардаанд. Асареро бо номи «Шамс-ул-маолӣ» ба ӯ нисбат додаанд. Аз осори манзумаш то ҳол чизе дастрас нагардидааст.

Адабиёт: Деҳхудо, Луғатнома, ҷилди I.Tошкент, 1325 ҳиҷрии шамсӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …